Терроризм ва экстремизм – таҳдид ба ояндаи нек

Ҳаёти осоишта неъмати бебаҳо буда, ҳар нафари соҳибақлу зиндадил кўшиш ба зиндагии осуда мекунад. Сарчашмаи ҳамаи нооромиву нокомиҳои миллатро ҳар нафари соҳибақл аз падидаҳои хатарзо ва зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм медонад. боиси таассуф аст, ки имрўз ифротгароӣ ва терроризм дар тамоми гўшаву канори олам доман паҳн намудааст. Аз ин ҷиҳат, ҳар як нафар бояд зиракӣ ва ҳушёриро аз даст надода, нисбат ба чунин зуҳуроти номатлуб бетараф набошад.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст. Яке аз омилҳои тезутунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Fарб сиёсати риёкорона, муғризона, дурўягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони динҳои гуногун аст.

Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонанд.

Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимояи нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд. Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи диндории мардум якбора боло рафт.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандўсту ватанпарвар, миллатдўсту мусалмон, алалхусус ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад, зеро оядаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Рустамзода П.А., котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Спитамен