Муттаҳиду сарҷамъ бошем

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободонию созандагӣ, пешрафту тараққиёти мамлакат ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи диёри азизамон, нақши муассир дорад.

Метавон гуфт, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамоест дар таҳкими тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар паҳнои олам. Яке аз масаъалаҳое, ки дар Паёми навбатӣ роҳандозӣ гардидааст, ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа мебошад

Зеро он давлат ва миллате ба ҳадафҳои олии ватанпарварӣ, ватанпарастӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ мерасад, ки насли ҷавони он дорои тафаккури зеҳнӣ ва ахлоқии комилу тавоно дошта бошад ва тавонад, ки бо тамоми роҳу воситаҳо арзишҳои миллии хешро дар тафаккури ҷавонон ҷой диҳад.

Чи тавре ки Пешвои миллат дар Паём қайд карданд «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».

Тавре ки ҳамагон медонем, кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳукуқу озодиҳои инсон мебошад. Моҳияти он тақозо дорад, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи самтҳо бо воситаи қонунҳое танзим шаванд, то ҷавобгӯи меъёрҳои ахлоқӣ ва адолати инсонӣ бошанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди дурандешу ватанхоҳро мебояд, ки гуфтаҳои Пешвои муаззами кишварамонро сармашқи кору зиндагии худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои он аз пештара дида, бештар фаъол бошанд.

 

Муҳаммадалӣ Қувваталӣ

Судяи Суди ноҳияи Спитамен