Солимии оила, солимии ҷомеъа ва давлат аст.

Ташкили оила ва давом додани ҳаёти одамӣ худ ҳодисаи табии буда, ба ҳар як инсон хос мебошад. Барои иҷрои ин қарзи табии ҳар як фард бояд тарзе рафтор намояд, ки устувории оила ва то абад боқи мондани онро коста нагардонад. Зеро чи тавре, ки бузургон гуфтаанд костагии оила ин костагии ҷомеа ва давлат аст. Матлаб аз ин гуфтаҳо дар он аст, ҳар як камбудии ҷомеа метавонад имкониятҳои моро барҳам занад. Яке аз имкониятҳои мо ин ташкили оилаи солим ва ба дунё овардани насли солим мебошад. Барои ба вуҷуд овардани насли солим солимии волидон нақши муҳим мебозад. Баъзан никоҳшавандагон бемориашонро ҳамчун сири шахсӣ маҳфуз нигоҳ дошта, ҳангоми барпо намудани оила аз якдигар пинҳон медоранд, ки ин амал камбудиҳои зиёдро дар ҷомеа ба бор меорад. Аввалан ба барҳамхурии оилаи ҷавон сабаб мегардад. Ин ҳолат дар таҷрибаи судӣ аксар вақт ба назар мерасад. Масалан дар таҷрибаи суди парвандаи оилавие оиди бекор кардани ақди никоҳ ҷои дошт, ки суд   сабаби бекоркунии ақди никоҳро аз даъвогар пурсон шуд, ӯ дар ҷавоб баён кард, ки ҳагоми бо ҳамсарам дар рӯзи сеюми оила барпо намуданамон ният ҳамхоба шудан кардам, дидам, ки бадани ӯро бемории сирояткунандаи сурхчаи серхориш бо номи чисотка зер намудааст. Аз сабаби пинҳон доштани ин беимориаш ман ӯро ба таъриқи мусулмонӣ дар рӯзи сеюми оиладориам ҷавобашро додам, баён кард даъвогар.

Дуввум сабаби пинҳондории беморӣ пеш аз бастани ақди никоҳ, ки камбудии ҷомеа ва давлат аст, ин насли носолимро ба дунё овардани волидони ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мебошад. Чи тавре, ки маълум аст на ҳар як аъзои ҷомеа саломатие дорад, ки барои ташкили оилаи солим ва ба вуҷуд овародани насли солим мусоид бошад. Махсусан бемориҳои сироятии венеритикӣ, СПИД, ВИЧ-инфексия ва дигар бемориҳо ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аламовараш он аст, ки ин гуна бемориҳо сироятӣ буда, аз насл ба насл мегузаранд. Чи бояд кард, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи паҳншавии ингуна бемориҳо ва ба вуҷуд оамдани насли носолим дар ҷомеа  гирифта шавад? Яке аз роҳҳои барпо намудани оилаи солим ва пешгирии бемориҳои сироятии аз насл ба насл гузаранда ин муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда мебошад. Мақсади ҳар яки мо баъди барпо намудани оила ба вуҷуд овардани насли солим мебошад. Ин мақсад вақте амали мегардад, ки агар никоҳшавандагон аз вазъи саломатии ҳамдигар на аз натиҷаи суҳбатҳои муқаррарӣ, балки аз натиҷаи муоинаи дақиқи тиббӣ огоҳ шуда, аз бунёди оилае, ки боиси бадбахтиҳои минбаъда мегардад, худдорӣ кунанд. Хушбахтона ин ҳолатҳоро Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи алоҳида бо номи Муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда  ба ҳалли ин масъалла то ҷое равшани андохтааст. Масалан дар он омадааст: Муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустии маҳалли истиқомати онҳо ба таври ройгон (бепул) ва танҳо бо ризоияти шахсони издивоҷкунанда анҷом дода мешавад. (Моддаи 15 КО ҶТ) . Чи тавре, ки маълум аст, меъёри мазкур ҳуқуқи шахси издивоҷкунанда буда, амали накардани он ҳеҷ гуна масъулиятро ба бор намеорад. Бо истифода аз вазъияти муносиб пешниҳод кардани мешавам, ки хуб мешуд меъёри ҳуқуқии дар моддаи 15 КО  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун уҳдадории тарафҳои издивоҷкунанда муқаррар карда шуда, ҳангоми барпо намудани оила ба назар гирифта шавад. Ин ҳам бо роҳи ба суд пешниҳод намудани гувоҳнома аз ҷониби шахси издивоҷкуннада гузаронида шуда, ба тарафи дигар нигоҳ доштани сирри шахсии бемор ҳамчун уҳдадорӣ муқаррар карда шавад. Бо мақсади халалдор нагаштани меъёри ҳуқуқии моддаи 23 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифода ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсии инсон бе ризоияти ӯ манъ аст, манфиатовар мебуд, агар дар таъғийру иловаҳои минбаъда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  иловаи ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дарҷ карда мешуд. Ин ҳам танҳо ба хотири тадбиқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матлаб аз пешниҳоди мазкур алакай дар боло қайд шуда, илова намуданиам, ки чи тавре маълум аст, як ҳиссаи калони мардуми тоҷик барои пайдо намудани даромади муайян дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд. Дар онҷо аз беаҳамиятӣ баъзан бо одамони гуногун бо ҳар кор даст зада, бо худ бемориҳои гуногунро ба кишвари мо ворид месозанд. То аз бемор буданашон хабардор мегарданд, ки алакай ба саломатии дигарон рахна мезананд. Ҳарчанд қонунгузории ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин кирдор ҷавобгарӣ муқаррар карда бошад ҳам, аммо пешгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳо ва гузаронидани муоинаи пешазникоҳи ҳангоми барпо намудани оилаи солим аз манфиат холӣ нест.

 

 

Корманди дастгоҳи суди

ноҳияи Спитамен.:            _________________      Дустмуродзода Н.С