Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 25.05.2026 то санаи 29.05.2026 сол.
Баргузори шанбеги дар суди нохияи Спитамен. Имрӯз 23 майи соли 2026 дар суди мазкур бо иштироки Муовини раиси суд Зиезода М.Х., судяхо Мухидинзода Т. К., Махмудзода Ф.М. ва бо иштироки кормандони дастгоҳи суд шанбегӣ баргузор гардид. Дар раванди шанбегӣ кормандони суди нохияи Спитамен бо анҷом додани корҳои поксозӣ, ҷамъоварии партовҳо ва ба низом даровардани гулу буттаҳои гирду атрофи бинои маъмурӣ, ҷиҳати нигоҳдории муҳити корӣ дар ҳолати тоза ва зебо саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Кормандони суди ноҳияи Спитамен санаи 17 майи соли 2026 соати 07:00 дақиқа дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар чорабинии «Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ» фаъолона иштирок намуданд. ҳамзамон котиби маҷлиси судӣ Солиҷонзода Мақсуда Солиҷонӣ бо дипломи дараҷаи 1 барои иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойи 1-ум дар чорабинии оммавӣ-варзишӣ «Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар номинатсияи «Марафони велосипедронӣ байни ҳаваскорон ва варзишгарон» гузаронида шуд, сарфароз гардонида шуд.
Санаи 18 майи соли 2026 дар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ воқеъ дар манзили истиқоматии ҷавобгарон парвандаи оилавӣ бо даъвои Юсубалиева Моҳина Эшназаровна нисбати ҷавобгарон Эшонов Аҳмадҷон ва Раҷабова Марҳамат оиди эътироф намудани аъзои оилаи молик ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ аз ҷониби судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳаммадалии Қуваталӣ баррасӣ карда шуд.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 18.05.2026 то санаи 22.05.2026 сол.
Санаи 13 майи соли 2026 дар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол деҳаи Сафедтеппа кучаи Абдуғаниев хонаи -94 парвандаи оилавӣ бо даъвои Эгамназарова Райхона нисбат ба ҷавобгарии ҷавобгарон Раҳматиллоев Низомҷон ва Раҳматиллоев Шуҳрат оиди аъзои оилаи молик эътироф ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ аз ҷониби судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳидинзода Т.Қ. баррасӣ карда шуд.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 12.05.2026 то санаи 15.05.2026 сол.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 04.05.2026 то санаи 08.05.2026 сол.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 27.04.2026 то санаи 01.05.2026 сол.
Баромади судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳидинзода Тоҳирҷон Қаландар доир ба мавзуи Мурофиа оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор вобаста ба ҳуқуқи истифодаи замин (моддаҳои 37,39 ва 47 Кодекси Замин) таҳлил ва омӯзиши амалияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои маданӣ дар бораи бекор ё беэътибор донистани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷудо ва ё вобаста намудани қитъаи замин» дар машғулятҳои семинари навбатии судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд.