Салафия – хатари эҷоди муқобилияти нави динӣ ё худ равияи, зиёноварест, ки ба ҳар васила дар ҷомеаи ҳанафимазҳаби Тоҷикистон ворид сохтани халал ва нифоқу беаҳлии динӣ-мазҳабиро ҳадаф дорад.

 

Имрӯзҳо дар масҷидҳо ба ашхосе чанд рӯ ба рӯ мешавем, ки дар «омин» гуфтан, даст бастан, саф кашидан ва ғайра ҳаракатҳои ғайр намуда, худро «салафӣ», яъне пайравони гузаштаҳо муаррифӣ мекунанд. Онҳо даъво доранд, ки фақат тарзи намозгузории онҳо дуруст аст ва ақида доранд, ки фақат онҳо дорои тавҳиди холис ҳастанд, вале боқимонда мусулмонон мушриканд ва куштани онҳо ва куштани авлодашон ҳалол ва ғорати амвол ва забти сарзаминҳояшон ҷоиз мебошад.

Вуҷуди салафия дар ҷомеъаи мо ба ғайр аз бадбахтӣ чизе дигар нахоҳад овард, зеро «салафиҳо» ин ҳамон «ваҳҳобиҳо»-и асри гузаштаанд, ки баъди фошу беобрӯ шудан тағйири ном карда, дар ин ё он масҷид сафҳои худро аз шумори мардуми бехабар аз асли Ислом зиёд мекунанд. Ҳадафи онҳо пеш аз ҳама ҳуҷуми сахте ба фарҳангу асолати мазҳабии мо задан аст. Онҳо сазовори дӯсти нестанд ва ҳамеша дар ҷангу ситез буда ҳамвора талош мекунанд ба ҳар воситае дин ва миллатро аз миён бардоранд. Аз ин ҷост, ки солиёни охир ин фирқаи шӯрангезу авомфиреби динӣ барои бероҳа ва саргум кунондани ҷавонони мусалмон дар ҷомеаи мо бо шиддат зуҳур мекунанд.

Салафия ин ҳамон ваҳҳобият аст, ки имрӯз дар ҷомеа ба ин чеҳра зоҳир гаштааст, яъне ҷараёни ваҳобият, ки имрӯз зери ниқоби таҳти унвони салафия дар кишвари мо зуҳур намудааст, яке аз равияҳои зиёновар ва палиде мебошад, ки хидматгузори истеъмори ғарбӣ дар байни мусулмонон ҳастанд.

Поягузори фирқаи ваҳҳобият (салафия) Муҳаммад бинни Абдуваҳоб буда, агар ба осори боқимондаи ӯ ва роҳбарони нахустини баъд аз вай нигарем, ҳеҷ асаре аз сулҳ ва оромиш намебинем, ба ҷуз аз кофир ва мушрик донистани мусулмонон, воҷиб донистани қатли онҳо. Чизе, ки ҳассосияти онҳоро ба худ ҷалб мекунад, сурати қабр ва масҷид буда, корашон фақат хуни муслмонро рехтан, муҳаррамотро мубоҳ шуморидан ва яке пас аз дигаре ошӯб ба по кардан аст. Ҳадафи асосиашон дар кишварҳои исломӣ бо рахнае дарвозаҳоро ба рӯи саҳюнизм ба салибиёни ситамгар боз кардан аст.

Муҳаммад бини Абдуваҳоб аз шахсони гумроҳзадае буд, ки дар дурӯғгӯи ҳамто надошт ва касони Худо аз раҳматаш дур сохтаро низ гумроҳ мекард. Аслан ӯ бо дурӯғгӯи соддалавҳон ва афроди аз улуми динӣ бархурдор набудагонро гирду атрофи худ ҷамъ менамуд. Дурӯғгӯии ӯ буд, ки аҳли мардуми Уйна ӯро аз шаҳри худ берун карданд ва ӯ ноилоҷ ба шаҳри Наҷд сарзамини қабилаҳои дуррӯғгӯйҳо гурехт, ки дар ин сарзамин афкори Муҳаммад бини Абдулваҳоб ривоҷ пайдо кард. Яъне ӯ гуфторашро аслан ба мардуми нодон таъсир мегузошт. Имрӯз низ агар аҳамият диҳед дар сафи салафиҳо аслан ҷавонони нодон, соддалавҳ, аз илми дин бархурдор набудагон, ҷамъ омадаанд.

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) мардумро фиреб дода, худро аз салафи солиҳини даврони Паёмбар меҳисобанду лекин дар амал бани Умайяро ва хусусан Язид ибни Муовияро, ки Расули Акрам (с)-ро хеле озор намуда бадиҳо гуфта буд, мепарастанд. Ошкоро маълум аст, ки фирқаи ваҳҳобиҳо (салафиҳо) аз салафи хавориҷ ҳастанд на салафи солиҳини даврони Паёмбар (с), яъне хавориҷ касоне буданд, ки аз дини ислом хориҷ гашта буданд.

Аз ин рӯ, зинҳор мо дунболи ҳар гурӯҳ тақлиди кӯр-кӯрона накунем ва ҳушёриро аз даст надиҳем. Чунки тақлиди кӯр-кӯрона ба ҷомеаи навбапойи мо метавонад таркишҳои амиқи иҷтимоиро падид оварад. Худованд ба мо сармояи азими ақл ва тафакур додаст, ки василаи саодати абадии мост. Ҳар амале, ки анҷом медиҳем бояд, ки муҳаққиқона бошад на бо тақлидҳои кӯр-кӯрона ақли солимро кор нафармуда, дунболи ҳар гурӯҳи зархариди дар либоси ислом тайёркадаи душманони дину миллат биравем, оқибат дину диёнатро  ватанро зери хатар қарор бидиҳем.