Ҳадаф: баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Тавре ҳамаи мову шумо огаҳӣ дорем, мутобиқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад менамоянд.

Паёми навбатии ироанамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 баргузор гар-дид, дар давраи ҷашнгирии чорабиниҳои сиёсӣ, аз қабили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад. Мардуми шарифи ҷумҳуриамон аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифта, азми қавӣ доранд, ки бо ҷидду ҷаҳди дучанд баҳри амалӣ намудани вазифаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷомеа, пешрафти ҳамаи соҳаҳо кӯшида, ба ин васила ба зиндагии шоиста ноил гарданд.

Қабл аз ҳама, дар Паёми навбатӣ қайд гардид, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он-хушксолию камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Нуктаи дигари муҳиме, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ин масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад, ки он барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, ба муносибати сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.

Дар ин раванд, суди ноҳияи Спитамен ба масъалаи корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирии ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ ва аз байн бурдани зуҳуротҳои номатлуб, терроризму  экстремизм дар байни аҳолӣ диққати аввалиндараҷа дода, дар асоси нақшаи чорабиниҳои суди ноҳия пайваста дар ин самт бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия суҳбату вохӯриҳоро доир менамояд.

Бо мақсади иҷрои нуктаҳои муҳими Паём, аз ҷумла ташаккули донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, судяҳои суди ноҳия парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар маҷлисҳои ошкорои сайёри судӣ, бо ҷалби аҳолӣ ва ҳайатҳои меҳнатӣ ба роҳ монда, баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои судманд андешида истодаанд.

Яке аз омилҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо, вобаста ба терроризм ва экстремизм, ин паст будани донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва надоштани ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон мебошад.

 

МУҲИДИНЗОДА Т.Қ.

Судяи суди ноҳияи Спитамен