Ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварамон, ки санаи 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардиданд.

Дар Паёми худ Пешвои миллат соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил карда, вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд. Чи тавре ки қайд карда шуд, соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он — хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Баробари дигар самтҳои пешрафти сиёсати давлатамон, ишора гардид, ки таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Зикр гардид, ки қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангб бошад.

Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Мавриди таъкид аст, ки ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 — 2030 амалӣ шуда истодааст.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иктисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Мақсад аз эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин ба-ланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Мо кормандони суд дастуру пешниҳодҳои дар Паём ироа гардидаро сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки вазифаҳои касбии худро дар сатҳи баланд ва содиқона иҷро намоем.

Фирӯза Маҳмудзода, судяи суди ноҳияи Спитамен