Таҷлили Иди Наврӯз дар суди ноҳияи Спитамен

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмааи

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.

Бо мақсади таҷлили Иди Наврӯзи оламафрӯз 27 марти соли 2024 дар суди ноҳияи Спитамен маъракаи пухтани сумалак баргузор гардид. Дар маъракаи мазкур роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.