Муоинаи тиббӣ пеш аз бастани ақди никоҳ

Мақсадиҳастии мо дар ин дунё ин ҷовидон гардонидани ҳаёти инсонӣ ва давом додани он дар руи замин мебошад. Барои иҷрои ин вазифаи табии худ мо бояд оила бунёд намоему дар тавлиду тарбияи насли худ саҳмгузор бошем. Вобаста ба ин ҳар як инсон оила бунёд намуда, кўшиш мекунад, ки насли одамиро дар руи замин ҷовидонӣ гардонад. Танҳо оилаи солим ва устувор метавонад, ки ин фуксияи аввалиндараҷаи худро амалӣ намояд. Матлаб аз ин гуфтаҳо аз он иборат аст, ки диққати шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат хубтару бештар барои  солимии оила ва ҷомеа равона карда шавад. Қонунгузорӣ низ дар ин самт бояд ҷоннок карда шавад. Зеро ҷомеаи солим давлати солимро мемонад.

Агар ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем дар моддаи 15 бар меояд, ки  «Муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда» ифода ёфтааст, ки тибқи он муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ  ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустии маҳалли истиқомати онҳо бо ризоияти шахсони издивоҷкунанда анҷом дода мешавад. Албатта ин барҷост, зеро муайян кардани солимӣ ва ё бемории тарафи издивоҷкунанда ба манфиати кор буда, оқибатҳои нохуши аз сабаби ошкоршавии бемории тарафи издивоҷкунанда бавуҷудомадаро баъди бастани ақди никоҳқаблан ҳал намуда, минбаъд ба барҳамхурии оила ва ё сироятёбии он оварда намерасонад. Мутаассифона аз сабабе, ки меъёри мазкур ҳуқуқи тарафҳост на ӯҳдадорӣ, амали он дар таҷриба кам ба чашм мерасад. Баъзан дар таҷрибаи судӣ чунин ҳолат рух медиҳад, ки оилаҳои ҷавон муддати се ё чор руз ва ё ин, ки  моҳҳо  якҷо истиқомат намуда, ба суд ариза дар хусуси бекоркунии ақди никоҳ пешниҳод менамоянд. Агар сабаби онро пурсон гардем, баъзан бемории то бастани ақди никоҳ пинҳонмондаи тарафи издивоҷкунанда (ба монанди бемориҳои пуст, асаб, инсулин-қобилияти маҳдуди шаҳвонӣ ва ғ.) ном бурда мешавад.

Аз тарафи дигар, имрўзҳо ҷомеаиҷаҳониро бемориҳои сироятии табобатнашаванда ва душвортабобат, ки ҳангоми муносибати байниҳамдигарии зану мард сироят ёфтанашон мумкин аст ба ташвиш овардааст. Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, қариб нисфи мардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнати ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон сафар карда бармегарданд. Дар ин ҳолатҳоҳар лаҳза хатари сироятёбии онҳо ба бемориҳои гуногуни ҷинсӣ мавҷуд аст. Аксаран шахс сироятёбиашро ба бемориҳои мудҳиши дар боло номбурда ба зуди эҳсос накарда, баъди дигар шахсро сироят карданаш огаҳ мешавад, ки ин доғи ҷомеаро зиёд мегардонад. Зеро аломатҳои бемориҳои мазкур яку-якбора айён нагардида, оҳиста-оҳиста ошкор мегардад.

Баҳри пешгирии ин нокомиҳо хуб мебуд, ки меъёри ҳуқуқии дар моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ  ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустии маҳалли истиқомати онҳо бо ризоияти шахсони издивоҷкунанда анҷом дода мешавад» ба ӯҳдадории тарафҳо оиди ин амал иваз карда мешуд. Дар ин ҳолат иҷозати духтур ба таври хатти гирифта мешуду намуди беморӣ ҳамчун сирри шахсӣ байни бемор ва духтур ошкорношуда маъфуз мемонд. Матлаб аз ин ба духтури минтақа ошкор гардидани бемори ва пешгири кардани сирояти он мебошад. Фикр мекунам дар ин ҳолат ҳуқуқҳои шахс поймол нашуда, баръакс ҳуқуқу манфиатҳои дигарон ҳимоя карда мешаванд. Аз ин хотир бигузор пеш аз бастани ақди никоҳ тарафҳои издивоҷкунанда уҳдадор карда шаванд, ки пеш аз бастани ақди никоҳ аз муоинаи тиббӣҳатмангузаранд. Амалиёти мазкур алоҳида гузаронидашуда бигузор тарафи дигар аз чигуна бемор будани тарафи беморбуда хабардор нашавад, танҳо иҷозати духтур ҳатмӣ гардад, ки вазъи солимии онҳо оё имконият медиҳад, ки оила бунёд кунанд. Аксарияти бемориҳо табобатшаванда буда, табобати онҳо пеш аз бастани ақди никоҳ ба манфиати тарафайн мебошад. Мисоли ин шуда метавонад бемориҳои пуст, қобилияти маҳдуди шаҳвонӣ, бемориҳои асаб ва ғ. Чи тавре, ки мегуянд, илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ. Магар хуб аст, ки бо сабаби бемории табобатшаванда доштан  оилаи ҷавон  барҳам хурад, албатта не. Аз ин хотир муоинаи ҳатмии тарафҳои издивоҷкунанда низ метавонад дар пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон таъсири мусбӣ расонад. Масалан дар амалия чунин руҳ дода буд, ки ҷавонмард бо духтаре оила барпо намуда тули як моҳ якҷо истиқомат кардаанд. Баъди як моҳ духтар ба суд аризаи даъвоги оиди бекоркунии ақди никоҳ медиҳад. Сабаби ариза доданаш ин буд, ки ҷавонмард бо сабаби бемории инсулин(маҳдуд будани қобилияти шаҳвонӣ) бо духтар ҳамхоба шуда наметавонистааст. Баъди андешидани чораҳои қонунӣ ақди никоҳи тарафҳо бекор карда мешавад. Баъди ду сол хабар мешавад, ки ҷавонмард худро табобат намуда, оилаи нав бунёд карда соҳиби фарзанд гардидааст. Мақсади мисоли мазкур аз он иборат аст, ки ошкор кадани бемории тарафи издивоҷкунанда пеш аз бастани ақди никоҳ тавассути муоинаи тиббӣ мувофиқи мақсад буда, табобати пешакӣ ташвиши оиларо дар оянда кам мекунад.

Бароиоилаи солим барпо намудан, аввал аз издивоҷкунандагон ва дувум аз волидони издивоҷкунандагон хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз бунёд намудани оила муоинаи тиббиро ҳатман гузаранд. Зеро мутафаккири юнони қадим Арасту дар ин самт чунин иброз намуда буд, ки «Оила пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеъаи солим ҳукмфармост».

 

 

 

Корманди дастгоҳи суди ноҳияи

Спитамени вилояти Суғд                                       Равшанзода Д.Р.