МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ — ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навин, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ талош намуданд, ки ба сӯйи дастовардҳои бештар қадамҳои устувор гузоранд ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳилаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт. Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ҳамаи заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муборизаро дар баробари дигар самтҳои ҷинояткорӣ ба хусус коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд. Чунончӣ, бо ибтикор ва роҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рањмон кушишҳои пай дар пай ҷиҳати қабул ва амалинамоии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯи манфиатҳои умумимиллӣ ва мукаммалгардонии онҳо ба тасвиб расиданд.
Қабули Конститутсияи нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақсими ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроя ва судӣ, таъсиси ниҳоди президентӣ, парламенти дупалатагӣ ва Суди конститутсионӣ, инчунин бисёр равандҳои дигари сохтори давлатӣ, асосан унсурҳои пешрафтаи давлатдории кишварамон маҳсуб меёбанд. Ғайр аз ин як қатор қарорҳое, ки баҳри гузариш ба муносибатҳои бозорӣ қабул гардиданд, қобили таҳсин мебошанд. Аз ҷумла ғайримилликунонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ, озодкунии иқтисодӣ, эътироф ва кафолати ҳифзи шаклҳои гуногуни моликият ва ғайраҳо ба ин мисол шуда метавонанд.
Аз дигар тараф паёмҳои солонаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ худ як ҳуҷҷати барномавии раҳнамунсоз ва тақдирсозе мебошанд, ки самтҳои асосии фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатиро дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин вазифаҳои мушаххаси онҳоро муайян менамоянд.
Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин Паёми худ ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2001 қайд намудаанд, ки “Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи дорои иқтисодиёти бозаргонӣ мубориза бо коррупсия мебошад”.
Дар ин самт, Роҳбари давлат ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдорро ҳамон замон вазифадор намуда буданд, ки иҷрои санадҳои қонунгузориро амалӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионии ҷомеаро баланд бардоранд.
Таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар паёмҳои ҳамасола ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, бахусус оид ба гирифтану додани пора, азонихудкунии маблағҳои давлатӣ, истифодаи мақоми хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғайра аз ҷониби кормандони соҳаҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, назорат ва суд ба кам кардани монеаҳо дар роҳи рушди соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани низоми оддӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва ба танзим овардани сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ барои мубориза бо коррупсия, хатари эҳтимолияти фасодшавии бисёре аз соҳаи фаъолияти давлатӣ ва шаклҳои ҳаёти ҷамъиятиро ба воқеият табдил дод.
Бояд қайд намоем, ки дар замони истиқлолият тавассути қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат як қатор тадбирҳои зиддикоррупсиониро андешидааст, ки барои пешгирӣ намудани коррупсия нақши муҳим мебозанд. Чунин тадбирҳо асосан дар якчанд санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудаанд. Масалан: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» , қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 ва аз 25 июли соли 2005 ва «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, қабул карда шуд, ки онҳо самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро дар кишвар муайян намуданд.
Соли 2003 Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомил гардид ва дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳо оид ба мубориза бо коррупсия иқдоми зиёдеро вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт амалӣ намуд. Соли 2006 баъди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаридани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба ин санади байналмилалӣ мутобиқ намуда, мақомоти махсуси муқовиматбаранда бо коррупсияро таъсис диҳад.
Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва ифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 Политсияи андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ин замон ҳамчун мақомҳои муқовиматбаранда бо коррупсия амал менамуданд, барҳам дода шуда, мақомоти махсус — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Бо мақсади мустаҳкам намудани фаъолияти мақомоти махсусгардонидашуда ва ба танзим даровардани он оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ қабул ва ҷиҳати мутобиқ гардонидани онҳо ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Дар даврони истиқлолият се стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия аз ҷумла, «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» ва Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба тасвиб расиданд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.
Гузашта аз ин, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо назардошти рушд ёфтани шаклҳои нави ҷинояткорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 02 ноябри соли 2013, №492 ва «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» — ро аз 06 феврали соли 2018, №1005 қабул намуд.
Бо қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии зидикоррупсионӣ ва ворид гардидани тағийру иловаҳо ба як қатор қонунҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия фароҳам оварда шуда, фаъолияти мақомоти муқовиматбаранда пурзӯр гардид.
Кирдорҳои коррупсионӣ рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор менамояд ва боиси нигаронии шаҳрвандони мамлакат мегардад. Аз ин лиҳоз, муқовимати дастаљамъонаи ин омили номатлуб метавонад, ба пешгирӣ ва бартараф намудану паст кардани сатҳи коррупсия дар мамлакат мусоидат намояд. Бинобар ин, дар ин мубориза ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад, то ин ки коррупсия дар мамлакат коњиш ёбад. Дар ин самт таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Барои баланд бардоштани самаранокии чораҳо, ки дар доираи мубориза бо коррупсия дар сатҳи миллӣ ва алахусус байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд, зарур аст, ки коррупсияро эътироф карда, дараҷаи таъсири онро ба давлат ва ҷомеа дарк намоем.
Бинобар ин, ҷиҳати пешгирӣ ва сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, коркарди барномаҳои зиддикоррупсионӣ, ки ба демократикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёт иҷтимоӣ, озодиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ равона гардидааст, зарур мебошад.
Зеро ин намуди ҷинояткорӣ ба волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҷовуз намуда, таъмини адолати иҷтимоиро коста мегардонад, ба рақобат ва рушди иқтисодиёт монеъ шуда, фаъолияти дурусти иқтисоди бозорӣ, устувории институтҳои демократиро вайрон месозад.

Дар ин замина ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани фаъолият зиддикорупсионии мамлакат, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат маҳсуб меёбад, мо метавонем танҳо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, эҳсоси садоқат ба Ватану миллат ва эҳтиром ба Сарвари давлат шаффофият ва субботу оромиро, ки асоси зиндагии арзандаю шоиста ва рӯзгори пурсаодати сокинони кишвар мебошад, таъмин намоем.