Аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудан ҷиноят мебошад

Ҳамасола ҷавонони ҷасуру далери кишвар 6о хоҳиш ва амри дил  ихтиёран худро дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят номнавис карда. ба хизмати модар-ватан мераванд.

Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Спитамен низ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Гузашта аз ин, омилҳои вусъатбахши худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар ростои сиёсати кунунии давлату Ҳукумат кор дода истодаанд. Бовар дорем, ки ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми ватанро ҷавонон аз вазифаҳои муҳими худ дониста, баъд аз гирифтани даъватнома барои хизмат саривақт ҳозир мешаванд.

Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист, мактаби зиндагист, ки мардони ояндаро тарбия мекунад. Аммо на ҳамаи ҷавонон ба дарки ин маънӣ мерасанд. Вақте синну солашон ба хизмати ҳарбӣ мерасад, бо ҳар роҳу васила, бо ташвиқи нодурусти баъзе аз рафиқон, волидайн аз хизмати ҳарбӣ, ки қарзи ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад, саркашӣ намуда, дар баъзе аз ҳолатҳо роҳи гурезро пеш мегиранд. Бо ин амалу кирдори ношоями худ саҳифаҳои аввалу тозаи зиндагии хешро доғдору сиёҳ менамоянд.

Суди ноҳияи Спитамен 21 декабри соли 2022, дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд А.Р., соли та-валлудаш 2000-ум, зодаи ноҳияи Спитаменро бо моддаи 343 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Маълум гардид, ки ин ҷавони ба синни даъватӣ расида, баъди гирифтани даъватномаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Спитамен барои аз муоинаи тиббӣ гузаштан ва рафтан ба хизмати ҳарбӣ, санаи 16 феврали соли 2021 аз муоинаи тиббии комиссариати ҳарбӣ гузаштааст. Комиссияи тиббӣ хулоса додааст, ки даъватшаванда А.Р. сиҳату саломат ва лоиқи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад ва баъдан ба ӯ аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ такроран даъватнома дода мешавад, ки мавсуф бояд санаи 1 апрели соли 2021 ба нуқтаи ҷамъшавӣ ҳозир гардад. Вале мутаассифона қаҳрамони гуфтаҳои мо аз ин ҳама талаботҳои қонун саркашӣ карда, дар вақти муайянгардида, ба комиссариати ҳарбӣ наомада, рӯ ба гурез меорад. Аз ин рӯ, нисбаташ бо талаботи моддаи 343 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, ӯро дар кофтукови расмӣ қарор медиҳанд.

Бо даъвати наздикон, аҳли ҷамоат, сохторҳои қудратӣ ин ҷавон аз рафтори кардааш пушаймон гардида, баргашта ба ноҳия меояд,

Судшаванда А.Р. дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор гашта, аз кардааш пушаймон шуд. Ин ҳамаро суд ба эътибор гирифта, ба А.Р. бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуд.

Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа, ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад.

Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Чунончи, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: «Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад».

Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба дар як сол баргузор мегардад. Ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонуни мазкур танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27 расидааст, даъват карда мешаванд.

Ҳифзи Ватан, на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст.

Қувваталӣ М., судя суди ноҳияи Спитамен