ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ СУД ВОБАСТА БА РАСОНДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ ДУЮМДАРАҶА БО ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВА МАДАНӢ

Иштироки судяи Суди ноҳияи Спитамен дар мизи мудаввар оид ба расонидани “Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маданӣ”


Санаи 16-уми аперили соли равон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар оид ба расонидани “Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маданӣ” бо иштироки Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони МД “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”, масъулони Суди кишвар, намояндаи Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Музаффар Ашуриён баромад намуда, зикр карданд, ки яке аз ҷанбаҳои муҳимми дастрасӣ ба адолат, ин ҳуқуқ ба гирифтани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ мебошад, ки ба қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла шахсоне, ки имкони пардохт кардани чунин хизматрасониро надоранд, кафолат дода шудааст. Таҳлили фаъолият нишон дод, ки ҳамкории Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттифоқи адвокатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд дар самти расондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба беҳбудӣ ниёз дорад. Музаффар Ашуриён — Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон умедворӣ намуданд, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” дар самти расондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба пуррагӣ амалӣ мешавад.

Гуфта шуд, ки аз соли 2017 то соли 2024 ба беш аз 4400 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҷиноятӣ расонда шуд, ки маблағи пардохти ҳаққи хизмати адвокатҳо зиёда аз 750 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо инобати зарурати пеш омадан ба ёрии ҳуқуқии ройгон директори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Насрулло ишора ба кормандони Суд ва Иттифоқи адвокатҳо, гуфтанд: “ҳангоми пеш омадан барои таъмини адвокати ройгон бо парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маданӣ тибқи қонунгузории амалкунанда метавонед ба маркази ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намоянд”.Ҳамчунин зикр карданд, ки аз соли 2016-ум то ба имрӯз дар 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатӣ ба роҳ монда шуда, дар ин давра ба 95 ҳазору 115 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии якумдараҷа расонданд. Иброз гардид, ки аз аввали моҳи январи соли 2025 тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ҳуқуқшиносони давлатӣ низ дар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва парвандаҳои маданӣ ба баъзе категорияҳои дар Қонуни мазкур зикр шудаанд ба сифати намоянда иштирок карда метавонанд.
Аз он ҷумла, бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суд, ба шахсе, ки имконияти пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгарро надорад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
— ба ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ӣ ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
— ба шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад;
— ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.
Ба шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои маданӣ ҳуқуқ доранд, ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад:
— ба шахсоне, ки имконияти пардохтани чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
-ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд;
— ба шахсоне, ки суд нисбаташон парванда оид ба маҳдуд намудани қобилияти амалкунӣ, ғайри қобили амал донистан ва барқароркунии қобилияти амалкунии шахси воқеиро баррасӣ менамояд;
— ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум ҳангоми пешбурди парвандаҳо оид ба ҷуброни зарар ҳангоми аз даст додани саробон, маъюбият ва дигар намуди зарар ба саломатӣ, ки ба фаъолияти меҳнатӣ алоқаманданд;
— ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум ҳангоми пешбурди парвандаҳо оид ба барқарор намудан ба ҷойи кори пештара.
Тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рўи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маданӣ тибқи талаботи моддаи 27 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ба роҳ монда мешавад.
Ҳангоми пайдо шудани дархост шахсоне, ки дар боло қайд карда шуданд, метавонанд ба суд ва ҳуқуқшиноси давлатӣ барои гирифтани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рўи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маданӣ муроҷиат намоянд, зикр намуда Солеҳзода Насрулло деректори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи ҶТ.
Ҳазамон дар идомаи чорабинӣ дигар иштирокдорон низ роҷеъ ба самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ фикри андешаи хубро баён намуда, барои баргузории як чорабинии сатҳи баланди ҳуқуқӣ ба МД “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуданд.