Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати миллӣ — сарчашмаи сулҳу амонӣ

Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш накарда, Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳанӯз 24 сол муқаддам, санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон саҳифаи наву тозае дар таърихи давлатдориамон боз гардид. Ин санади муҳими тақдирсоз ва сулҳофар ба ҳамаи нофаҳмиҳо, ҷангу низоъҳои дохилӣ хотима бахшид ва роҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон гардид.
Мардуми сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарӣ ва роҳнамойии сарвари хирадпешаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имтиҳонҳои он давр гузашта, ба ҷаҳониён ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро нишон доданд.
Сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ неъматҳои нодир ва шукронаи онро мекунем, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сулҳу субот танинандоз мебошад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Чунки дар ин рӯз зери санади сулҳу ваҳдат имзо гузошта шуд, ки давлати навтаъсиси моро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.
Мавриди зикр аст, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид ва дар ҳамин Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон сарварии кишвари тоҷиконро бар зимма гирифт. Бо хизматҳои содиқона ва бошараф ин марди ҷасури Ватан тавонист вазъи ноороми ҷумҳуриро осуда намуда, ғарибонро ба Ватан баргардонад. Дар ҳамин замина, баъди якчанд гуфтушунидҳо, ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон қайд кардаанд, ки: «Воқеан, Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини мо дастоварди бузург ва неъмати азизу муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат заминаи бунёдии вусъат ёфтани корҳои созандагиву ободонии Ватани азизамон — Тоҷикистонро фароҳам овард».
Пас аз ба даст овардани сулҳу ваҳдат, аз баракати ин неъматҳои нодир кишвари мо боз ҳам ободу зеботар гардид ва рушд ёфта, дар арсаи олам шинохта шуд. Биноҳои ободу зебо ва замонавӣ, муассисаҳои зиёди таълимӣ ва тандурустӣ, меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, роҳҳои нав бунёд карда шуданд.
Бо вуҷуди ин ҳама пешрафтҳо мо мебинем, баъзе фарзандони нохалафу беватан ин ҳамаро нодида гирифта, рӯ меоранд ба амалҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм. Ин нафарон ба номи Тоҷикистон, халқи азизи он иснод меоранд, ки ба он мо, аҳли ҷомеаи солим, ҳеҷ гоҳ муросо карда наметавонем. Кӯшиш намоем, ҳар куҷо ки бошад, ҷавононро даъват ба ваҳдату созандагӣ, дӯстиву ободкорӣ намоем ва баҳри шукуфоии Тоҷикистон ҳама неруи худро масраф созем. Чаро ки ваҳдат неъмати ноёб, пойдевору сутуни давлат мебошад. Аз ин хотир, ҳар яки мо бояд баҳри пойдории ваҳдат азму талош варзем. Бо амалҳои неку бунёдкорона дар паи ҳифзи тинҷиву амонӣ, сулҳу ваҳдат бошем.

Зикирзода Лоиқ,
Раиси суди ноҳия