Ҳукми суди ноҳияи Спитамен нисбати Ӯринбоев Акмалҷон Аҳмадҷонович бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ӯринбоев Акмалҷон Аҳмадҷонович соли 2021 тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо даъвати мубалиғон Абдузоири Доъӣ, доктор Закир Найк ва дигарон ба равияи ифротии «Салафия» шомил гардида, ғояву ақидаҳои ин ташкилотро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибу ташвиқот намудааст.

Дар ин асно, Ӯрунбоев А.А. тавассути телефонҳои мобилиаш тамғаи «Айфон-10» ва «Самсунг М31», бо истифода аз симкортҳои мобилии «Ёда» таҳти рақамҳои +79998649715 ва «Билайн» таҳти рақами +79649152238 барномаҳои шабакаҳои иҷтимоии «Вотсап», «Одноклассники» ва «Ютуб»-ро боркашӣ намуда, дар ин шабакаҳои иҷтимоии худро бо номҳои «Akmaljon», «AkmaljonUrinboev» сабти ном намудааст.

Ӯрунбоев А.А. ҳамчун аъзоёни ин равияи ғайриқонунӣ дидаю дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2009 фаъолияти равияи динии «Салафия» ҳамчун ғайриқонунӣ амалкунанда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ манъ шуда, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014 иттиҳоди экстремистӣ эътироф шуда, сомонаҳои интернетии ин ташкилот ҳамчун воситаи ахбори омма баста шудааст, ин санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судиро сарфи назар карда, ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат амал намуда, фаъолияти ғайриқонунии худро аз рӯи ин равияю ташкилот ба роҳ монда, тибқи ақида ва ғояҳои онҳо амал карда, бо мақсади зиёд кардани сафи аъзоён расмҳо, наворҳои видеоӣ ва аудиоии пешвоёни ин ташкилотҳоро ҷонибдорӣ карда, аз соли 2021 то вақти дастгир шуданаш бо профили худ тавассути шабакаҳои иҷтимоии оммавии интернетии «Вотсап», «Одноклассники» ва «Ютуб» ба дигарон паҳн намуда, ба пешрафти фаъолияти ин ташкилот мусоидат кардааст.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда Ӯринбоев А.А. бо айби ба ӯ эълон кардашуда, худашро пурра гунаҳгор шуморида, нишондод дод, ки ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил карданаш тарзи намозхониро аз марҳум бобояш Урунбоев Абдураҳим ёд гирифта, лекин намоз намехондааст. Аз соли 2005 то соли 2013 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, зиндагониашро пеш мебурдааст.  Бинобар аз ҷониби мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия манъ кардани ворид шунанаш то моҳи июни соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат карда, аз ҳамон вақт ба намозхонӣ шурӯъ намудааст.

Моҳи июни соли 2015 боз ба Федератсияи Россия рафта, охирҳои соли 2016 барои худ телефони мобилии тамғаи «Самсунг J1» харидорӣ намуда, барномаҳои иҷтимоии «Одноклассники», «Ютуб», «Вотсап», Имо ва дигар барномаҳоро боргирӣ карда, аз он истифода мебурдааст. Дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ худро бо номи «Akmaljon Urinboev» аз рақамҳои +79647152238 сабти ном карда ва дар шабакаҳои иҷтимоии «Вотсап», «ИМО», «ТИКТОК» бошад худро бо рақамҳои +79998649715 ва дар шабакаҳои интернетии «Ютуб» бо номи «AkmaljonUrinboev» ба қайд гирифта, истифода карда, то рӯзи дастгир шуданаш наворҳои домуллоҳо ва шайхҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва давлатҳои хориҷӣ бо номҳои Шукур домулло, Абдулло домулло, Солихон, Домулло Зикир найк, Абдузоири Доъй ва ғайраҳоро гӯш мекардааст. Ин нафарон дар мавъизаҳои худ дар бораи хондани намоз, Қуръон ва дигар расму оинҳои динӣ гап мезаданд. Ӯ пас аз намозхон шуданаш барои гирифтани маълумоти бештар оиди дин бисёр аз шабакаҳои иҷтимоии болозикр истифода мекардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники», «Ютуб» ба гуруҳҳои наворҳои динӣ нашр ва паҳнмекарда аъзо шуда, наворҳои видеоӣ ва сӯҳбатҳои динии домуллоҳои болозикркардаашро гуш карда ба худ маъқул шуморида, ба онҳо аломати класс гузошта, бо воситаи амалиёти «публикация» (паҳн намудан) нашр менамояд. Дар шабакаи иҷтимоии «Однокласники» ӯ зиёда аз ҳазор нафар обуначӣ (друзя) дошта, ҳангоми нашр намудани ягон навори видеоӣ ва ё сабти динӣ, онҳо аз он бархӯрдор шуда, мушоҳида мекунанд. Ӯ зимни мунтазам гӯш ва тамошо намудани ин наворҳои динӣ фаҳмидааст, ки гуфтаҳои номбурдагон ба мазҳаби Имоми Аъзам зид буда, худашонро Салафи солеҳин муарифӣ менамуданд. Ба ақидаи пайравони Салафи солеҳин ҷашн гирифтани иди соли навро ҳаром шуморида, ин иди мусалмонон нест мегуфтанд ва ҷашн гирифтани ин идро макруҳ гуфта, пӯшидани шимҳои кутоҳ ва мондани риш фарз яъне ҳатмӣ мебошад, ки ӯ ин гуфтаҳоро риоя менамудааст. Аз рӯи ақидаи аъзоёни ин равия, ки худро Салафи Солеҳин меноманд дар вақти намоз хондан дастонро аз ноф боло гузошта, онро то нармии гӯш бардошта, ба нармии гуш нарасонида, вақти саҷда намудан аввал дастонро ба замин гузошта пас аз он зону пойҳоро ба замин мемонанд. Ӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам ин руҳониёнро тамошо намуда, аз ғояву ақидаҳои равияи динии «Салафия» шиносой пайдо намуда, аз рӯи он амал менамудааст. Инчунин тавассути профили шахсияш дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» ва «Ютуб» ақидаву ғояҳои ин ташкилотро паҳн ва нашр намудааст. Ҳамчунин ӯ шуруъ аз соли 2020 то инҷониб навору видеоҳо ва расмҳои ба равияи Салафия хосро тавассути барномаи «Вотсап», ки бо рақами +79998649715 ба қайд гирифтааст, дар гуруҳи ҳамсинфонаш бо номи «Одноклассники» равон кардааст, ки ҳамсинфонаш Кариимҷонов Даврон, Муродов Ғулом, Бердимуродов Ҷамшед, Шарипов Исмоил ва дигарон инчунин хешовандонаш Мирзо ва Музафар ин видеоҳои амру маъруфи домуллоҳои дигар давлатҳо, яъне домулло Абдузоҳиди Доъӣ, Домулло Закир найк ва дигарон, ки дар бораи аҳли Салаф ва Салафӣ кист сухан менамояд ва дигар домуллоҳоро равон кардааст, ки онҳо дида инҳоро омӯхта, тарзи дуруст хондани намозро омӯхта,   нушокиҳои   спиртӣ   истеъмол   накарда,   ба   роҳи   рост   раванд.

бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 18 сентябри соли 2023 Ӯринбоев Акмалҷон Аҳмадҷонович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин карда шудааст.

Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода З.А.