Ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 27 феврали соли 2024 Аллашукуров Охунҷон Шоимқулович бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судшаванда Аллашукуров Охунҷон Шоимқулович соли 2019 тавассути шабакаҳои иҷтимой бо даъвати муболиғони равияи ифротии «Салафия» ва ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» руҳониён Абдулло Домулло, Нуриддин Домулло ва дигарон ба равияи динии «Салафия» ва ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» шомил гардида, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ғояву ақидаҳои ин ташкилотҳоро тарғибу ташвиқот намудааст.
Судшаванда Аллашукуров О.Ш., тавассути телефони мобилиаш тамғаи «Redmi Note 7″ барномаҳои шабакаҳои иҷтимоии «Однокласники», «Вотсап», «Телеграм», «Тикток», «Ютуб» ва ғайраҳоро боркашӣ намуда, дар ин шабакаи иҷтимоии «Однокласники» худро бо номи «Ohun» сабти ном намудааст, дар саҳифааш 1600 нафарро ҳамроҳ намуда, тавассути профили худ, наворҳои видеоӣ ва мавзӯъҳои динии хусусияти террористӣ-экстремисти доштаро дар саҳифаи худ паҳн ва нашр намудааст.
Минбаъд Аллашукуров О.Ш., ҳамчун аъзоёни ин равияи ғайриқонунӣ дидаю дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 8 январи соли 2009 фаъолияти равияи динии «Салафия» ҳамчун ғайриқонунӣ амалкунанда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шуда, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри солп 2014 иттиҳоди экстремистӣ ва ташкилоти «Давлати исломӣ» бошад аз санаи 14.04.2015 сол ва аз санаи 30 марти соли 2006 «Ҳаракати Толибон» ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ эътироф шуда, сомонаҳои интернетии ин ташкилотҳо ҳамчун воситаи ахбори омма баста шудааст, ин санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судиро сарфи назар намуда, ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат амал намуда, фаъолияти ғайриқонунии худро аз рӯи нн равияву ташкилот ба роҳ монда, тибқи ақида ва ғояҳои онҳо амал намуда, бо мақсади зиёд кардани сафи аъзоён, расму навиштаҷот, наворҳои видеои ва аудиои пешвоёни ин ташкилотҳоро аз соли 2019 то инҷониб тавассути шабакаи иҷтимоии оммавии интернетии «Одноклассники» бо гузоштан дар саҳифаи худ ва маъқул шуморидан ба дигарон паҳн намуда, ба пешрафти фаъолияти ин ташкилотҳо мусоидат намудааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 27 феврали соли 2024 Аллашукуров Охунҷон Шоимқулович бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати панҷ солу шаш моҳ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.
Рустамзода Парвиз
Сардори шуъбаи коргузории суди ноҳияи Спитамен