Ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 04 марти соли 2024 нисбати Атабоев Бунёдҷон Акрамҷонович бо моддаи 307 иловаи 1 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судшаванда Атабоев Б.А. моҳи августи соли 2019 сокинони ноҳияи Спитамен Мирғафуров Қодирҷон Баходирович, Мирғафуров Қобилҷон Баҳодирович, Атабоев Аббос Тоирҷонович ва Расулбердиев Азизбек Ҳусанбоевичро барои иҷро намудани рукнҳои динӣ ба монади аъзоёни динии ТЭ «Салафия» даъват намудааст.

Пас аз ин Мирғафуров Қодирҷон Баҳодирович тариқи сомонаи интернетии «You tube» маводҳои видеоии марбут ба равияи динии «Салафия»-ро, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми январи соли 2009 фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ғайриқонунӣ амалкунанда ва бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф карда шудааст, пайдо намуда, онҳоро тамошо карда, ба худ мақбул донистааст. Сипас, Мирғафуров Қ.Б. бо мақсади мусоидат кардан ба фаъолияти ғайриқонунии иттиҳоди экстремистии «Салафия» маводҳои марбут ба ин ташкилотро дар саҳифаи интернетиаш, ки дар сомонаи иҷтимоии интернетии «Истаграм» ба қайд гирифта шудааст, ҷо карда, ҳамзамон ба рафиқонаш Атабоев Аббос Тоирҷонович, Расулбердиев Азизбек Хусанбоевич, Фатоев Муҳаммад Маҳмадуллоевич ва дигарон  равона кардааст.

Зимни азназаргузаронии саҳифаи интернетии Мирғафуров Қ.Б., ки  дар сомонаи иҷтимоии интернетии «Истаграм» бо номи «Abdugodir Mirgafurov» ва номи мустаъори «musulman1n04» ба қайд гирифта шудааст, маводҳои хусусияти динидошта дарёфт карда шуданд.

 

Бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 04 марти соли 2024 ба Атабоев Бунёдҷон Акрамҷонович бо моддаи 307 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шудааст.

Рустамзода Парвиз

сардори шуъбаи коргузории суди ноҳияи Спитамен