Ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Дар бинои қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Куруш бо иштироки судяи ноҳияи Спитамен Маҳмудзода Фирӯза бо сокинони Ҷамоати деҳоти Куруш баргузор гардид. Дар мулоқот  Маҳмудзода Фирӯза доир ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», нуқтаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дин, меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дод.