Тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парламенти кишвар ҳамчун барномаи таҳлилӣ ва муайянсозандаи рушду нумӯи самтҳои асосии сиёсати давлат ба пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ нақши муассир дорад.

Имрӯз дар бинои суди ноҳияи Спитамен бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.