Таъмини адолати судӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиесати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 фарогири муждаҳои наву тозае буд, ш аз татбиқи самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва пешрафти бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат далолат мекунанд. Паём баҳри боз ҳам беҳбуд бахишдани зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини рушди бардавоми иқтисодшо иҷтимоии кишвар, таҳкими арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини субот ва устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ дар маркази таваҷҷуҳ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик аз Паём то Паём дастуру нишондодҳои Президенти маҳбуби кишварро дастури кори хеш қарор дода, ба музаффариятҳое даст меёбанд, ки саҳифаҳои таърихи давлатдории навинамонро рангинтар месозад. Зеро ҳар ҳарфу ҳиҷое, ки зимни ироаи Паёмҳои Сарвари давлат баён мегарданд, масоили муҳимеро дар худ бозтоб медиҳанд, ки ҳадафи ниҳоияш ташаккули миллати воҳид ва давлати нақшофар дар сиёсати байналмилалист. Боиси ифтихор аст, ки дар ин замина халқи тоҷик бо ҳидоят ва роҳабарии Сарвари тавонманди худ марҳила ба марҳила касби камолот мекунад. Пешниҳоду ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Пешвои миллати тоҷикон вобаста ба ҳалли мушкилоти сайёра, мавқеъгирии уствору ошкор дар мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавқеи башардӯстонаи кишвари моро тасдиқ мекунанд. Дар робита ба ин, ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ самимият ва талошҳои бедареғи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалҳ Раҳмонро дар ҳалли масоили глобалӣ дарк намуда, пешниҳодҳои созандаашонро дастгирӣ менамоянд. Мисоли равшани он дар канори чаҳор ташаббуси байналмилалии қаблан пазируфташуда, вобаста ба пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар Паёми худ, дар баробари дигар масъалаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба фаъолияти мақомоти судии кишвар ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ таваҷчуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати таҳкими фаъолияти судҳо ва риояи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби судяҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Чунончӣ, дар Паёми навбатӣ низ Сарвари давлат бо ишора ба ин масьала чунин изҳор доштанд: «Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад». Президенти мамлакат бо зикри ин нукта Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро вазифадор карданд, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Чунин таваҷҷуҳ ба фаъолияти мақомоти судӣ дар ҳоле, ки чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар низоми ҳуқуқии кишвари мо баррасӣ, ҳаллу фасли қонунии баҳсу мунозира ва матраҳ кардани дигар масоили ҳуқуқӣ қабл аз ҳама ба зиммаи ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Ин аст, ки боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба суд ва ҳокимияти судӣ бахшида шуда, ҳамчунин, дар дигар модда ва бобҳои он ҳолатҳои зиёде мавҷуд аст, ки татбиқи онҳо низ дар ниҳояти кор ба дӯши мақомоти судӣ вогузор мешавад. Зимнан, моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуну адолатро ҳифз менамояд». Аз ин муқаррарот бармеояд, ки дар ниҳоят адолати судӣ ва дар маҷмӯъ, адолати иҷтимоиро танҳо суд ба амал мебарорад. Ин уҳдадорӣ аз ҷониби судяҳо ва судҳо бо роҳи ҳаллу фасли парвандаҳо дар мурофиаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, баррасии корҳои маъмурӣ ва гузарондани санҷишҳо роҷеъ ба ҳаллу фасли қонунии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон татбиқ мешавад. Аз ҷумла, бевосита қабул кардани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳаллу фасли онҳо низ яке аз роҳҳои таъмини адолати иҷтимоӣ маҳсуб мегардад.

Таҷриба собит менамояд, ки эъмори ҷомеаи ҳақиқатан ҳам ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озоду демократӣ, пешрафти муносибатҳои нави бозоргонӣ, маҳз ба фаъолияти ҳокимияти судии мустақил, беғаразу устувор пайванди амиқ дорад. Ин аст, ки рушду тавсеаи фаъолияти мақомоти судӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ба ин манзур аз соли 2007 ба ин сӯ 4 маротиба барномаи давлатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Тавре маълум аст, дар заминаи ин барномаҳои муҳими давлатӣ бо назардошти инкишофи ҷомеа, муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар таҳрири нав ва қисми дигар бори аввал аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар қабул шудаанд. Аз ҷумла, бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта кодексҳои мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуданд, ки ба рушду такомул ва тақвияти ҳокимияти судӣ дар мамлакат, баррасии одилона ва саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо таъсири назаррас гузоштанд.

Агар ба заминаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ назар афканем, маълум аст, ки кулли дастовардҳо дар ин самт ба тавсия ва нишондодҳои паёмҳои Сарвари давлат ва дастгириҳои пайвастаашон вобастаанд. Аз ин рӯ, мо кормандони мақомоти судиро зарур аст, ки дар заминаи ичрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат амал намуда, уҳдадориҳои худро дар доираи риояи талаботи қонунгузорӣ иҷро карда, вобаста ба таъмини адолати судӣ содиқона амал намоем.

Зарина Раҳимзода, Раиси суди ноҳияи Спитамен