Таҷлили Рӯзи Президент дар  ноҳияи Спитамен

Имрӯз, 16 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Спитамен муҳтарам Темурҷон Нӯмонзода иштирок намуда, ҳозирин ва сокинони ноҳияро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

Ҳамзамон, барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ манзур гардид, ки ба чорабинӣ ҳусни бештар эҳдо намуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо назардошти саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибтидо аз соли 2016 санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.