Таҷлили Иди Наврӯз дар суди ноҳияи Спитамен

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.
Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Сумалак таоми баҳории Наврӯз аст, таомест болаззат ва солим, ки қуввати дар фасли зимистон аз даст рафтаро барқарор ва қувват мебахшад. Сумалак таърихи тӯлонӣ дошта, дар дастархони пурғановати Наврӯз ҷойгоҳи ифтихор дорад.

Бо мақсади таҷлили Иди Наврӯзи оламафрӯз 25 марти соли 2023 дар суди ноҳияи Спитамен маъракаи пухтани сумалак баргузор гардид. Дар маъракаи мазкур роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.