Таҷлили Ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 8 сентябри соли 2023 дар толори суди ноҳияи Спитамен маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суд Раҳимзода З.А., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия баргузор гардид. Дар мачлиси мазкур раиси суд  хозиринро бахшида ба ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ суханронӣ намуда, як қатор кормандони дастгоҳи суд бахшида ба санаи таърихии истиқлоли кишвари азизамон барои фаъолияти пурсамар бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.