Шукронаи сулҳу истиқлоли кишвар

Кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари пешрафта, тараққинамуда, як мамлакати зебову обод мебошад, ки мо дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагонӣ дорем.

Аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолият ва хотима бахшидан ба низоъҳои бемаънии дохилӣ муҳимтарин ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба чор самт нигаронида шуда буданд, ки ин ҳам таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии мамлакат буд. Шукр ки бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ин ҳама ҳадафҳои стартегӣ давра ба давра дар амал роҳандозӣ гардида, аллакай дар кишвар се ҳадаф — таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳои аз бунбасти коммунгасатсионӣ ва истиқлоли энергетикӣ татбиқ гардида, кишвар дар роҳи саноатикунонии он қадамҳои устуворро ба пеш мемонад. Ҳамасола дар кишварамон чандин корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ бунёд гардида, дар он аҳолии зиёд бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони иқтисодӣ Ҳукумати кишвар барои бунёди корхонаҳои саноатии муштарак байни давлатҳо робитаҳои судманд роҳандозӣ намуда, дар амал татбиқ намуда истодааст.

Яке аз мушкилоте, ки пешоруи тараққӣ ва пояндагии сулҳу ваҳдат дар саросари ҷаҳон истодааст, ии доман паҳн кардани амал ва ақидаҳои террористиву экстремистӣ мебошад, ки ҳеҷ як давлати ҷаҳон аз хатари ин гуруҳҳо эмин буда наметавонад.

Душманон, хоинони миллат, бадбинони кишвари азизамон ва тарафдорони ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, вақтҳои охир номи миллати моро паст зада, дар ҳар гӯшаи олам, пинҳон каҷрафторӣ карда истодаанд, ки ба ин тоифаи хоин барои чунин амалҳои бадашон нафрин мехонем. Магар инсонҳо ба Модар — Ватане, ки онҳоро ба дунё овардаву дар он ба воя расидаанд, чунин ношукриву носипосиро раво бинанд. Ин гуна гуруҳҳои бадхоҳу носипос рузе ду дидагонашон аз пошукрӣ кур мегардаду дур аз диёр, ба меҳри модар зору беватан ин дунёропадруд мегӯянд. Шахсе, ки ба Ватан хиёнат мекунад, хиёнат ба модари худ мекунад. Ин гуруҳҳои зархарид ва бесаводу бедин солҳои охир хусусан тариқи шабакаҳои ичтимоӣ, манбаъҳои иттилоотиро  минбари худ қарор дода, бесаводона чизе ба даҳонашон ояд чошу парешон мегуянду менави санд.

Пас моро мебояд дар навбати аввал ба қадри озодӣ, сулҳ, ободӣ, дӯстӣ, ваҳдат, соҳибистиқлолӣ, созандагиву бунёдкорӣ, шукуфоӣ бирасем ва шукргузор ба ин давлату ба ин миллат бошем. Нагузорем, ки як тоифа беватану беимон фазои осудаву ороми кишвари азизу маҳбубамонро халалдор созанд ва ҷавонони моро аз роҳи нек ба роҳи бад баранд..

Бигзор сулҳу ваҳдат дар диёрамон поянда бод!

Муҳаммадалии Қувваталӣ, судяи Суди ноҳияи Спитамен