Шанбегӣ дар суди ноҳияи Спитамен

Имрӯз ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани бинои суд,  кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои суд шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар маъракаи ободонӣ, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуда, ҷуйбори обравро тоза, бехи дарахтонро нарм ва роҳравҳоро  рубучин намуданд

Қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шанбегиҳо мувофиқи нақшаи дохилиидоравӣ бо ҷалби кормандони суд мунтазам гузаронида мешавад.