Санаи 20 июни соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебинисо ва Раиси ноҳияи Спитамен Нӯъмонзода Темурҷон ба бинои суди ноҳияи Спитамен ташриф оварда, бо шароити кормандони суд, ки бинои суд пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст, шинос шудаанд. Зимни боздид Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад ба роҳбарият ва судяҳо барои беҳбудии кор дустуру супоришҳои мушаххас доданд.