Санаи 16 апрели соли 2026 аз тарафи судяи суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Муҳидинзода Тоҳирҷон Қаландар дар маҷлиси ошкороӣ сайёри судӣ воқеъ дар бинои Комиссариати ҳарбии ноҳия парвандаи ҷиноятӣ нисбати Рамазанов Муҳаммадҷон Мустафоевич бо моддаи 343 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин бо кормандони Комиссариати ҳарбӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, волидони даъватшавандагон ва худи даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбату мулоқот вобаста ба адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани ҳисси миллию ватандӯстӣ гузаронида шуд. Баъди гузаронидани сӯҳбату вохӯрӣ судшаванда Рамазонов М.М. ва як чанд даъватшавандагон ихтиёран ба Комиссаиати ҳарбӣ ҳозир шуда, ба сафи Қувваҳаои Мусаллаҳ сафарбар карда шудаанд.

Суди ноҳияи Спитамен 