Санаи 14 июли соли 2025 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо ва Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода З.А. дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар маҷлиси ҷамъбастии фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2025 иштирок намуданд. Сипас Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо ва Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода З.А. ва Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода аз як қатор иншоотҳо ва манзили истиқоматии сокинони ноҳия оид ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.