Санаи 09 августи соли 2025 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо-намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода З.А. ва Раиси ноҳияи Спитамен Нӯмонзода Темурҷон аз як қатор иншоотҳо ва манзили истиқоматии сокинони ноҳия оид ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.