Санаи 03 сентябри соли 2025 дар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ дар китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен ба номи К.Хуҷандӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷӯрабоева Соҳиба Алибековна бо моддаҳои 245 қисми 2 банди «Г» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳидинзода Тоҳирҷон Қаландар баррасӣ карда шуд.