Сабабҳои бекоршавии ақди никоҳ дар байни ҷавонон.

Яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеъаи имрўза ин ноустувории оилаҳои ҷавон ва кандашавии ақди никоҳ дар байни онҳо мебошад. Воқеъан ҳам масъалаи мазкур на як кишвари мо, балки тамомиҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Олимон, мутахассисон ва масъулини мақомотҳои давлати дар ин самт аз замони пайдоиши оилаи инсонӣ дар руи замин то кунун кушиш карда истодаанд, ки ҳарчи зудтар роҳи барҳамхурии оилаҳои ҷавон гирифта шавад. Масалан мутафаккири юнони қадим Арасту дар ин самт чунин иброз намуда буд, ки «Оила пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеъаи солим ҳукмфармост».
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд аз зумраи он давлатҳоест, ки баҳри устувории ҳамешагии оилаҳо ғамхорӣ менамояд. Оиди ин масъала дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 33 кишвар омадааст, ки «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Вобаста аз ин мақомотҳои давлатӣ махсусан мақомоти судӣ бештар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки меъёри мазкури конститутсионӣ дар амал татбиқ гардида, барҳамхурии оилаҳои ҷавон пешгирӣ карда шаванд. Дар фаъолияти судӣ чораҳои қонунӣ баҳрӣ устувории муносибатҳои оилавӣ ва кам кардани барҳамхурии оилаҳо зиёд ба чашм мерасад. Мисоли ин шуда метавонад гузаронидани вохуриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳи дар байни мардум, татбиқи муҳлати оштишавӣ байни тарафҳо, уҳдадор намудани масъулини мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳалли ва ғайраҳо оиди андешидани тадбирҳои муфид ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳи аз ҷониби онҳо.
Сабаб ва шароитҳое, ки оиларо ба барҳамхурӣ оварда мерасонад, аз ҷониби мутахассисон таҳқиқ гардида то ҷое муайян карда шудаанд. Аз ҷумла яке аз сабабҳое, ки бештар ба вайроншавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад, ин омода набудани тарафҳои барпокунандаи оила мебошанд. Вобаста ба ин якчанд омилҳое, ошкор гардидааст, ки омода набудани тарафҳоро дар бастани ақди никоҳ нишон медиҳад.
Аввалан ин паст будани тарбияи оиладории никоҳшавандагон мебошад. Тарбияи инсон чи дар ҷодаи оиладорӣ ва чӣ дар дигар соҳаҳои ҳаёт аввалан аз оила оғоз меёбад. Яъне масъули аслии омодагии фарзанд дар бастани ақди никоҳ ин пеш аз ҳама падару модар мебошанд. Падару модар худ мактаби ҳақиқии оиладорӣ буда, ҳар як амал ва ҳар як сухани онҳо барои фарзандон дарс аст. Барои ҳаёти осоиштаву гуворои фарзанд волидайн бояд аз ибтидо ғамхорӣ намуда, кӯшиш намояд, ки пеш аз оиладор намудани фарзандашон ҳама нозукию вазнинии оиладориро омузонда, баъдан ба ҳаёти мустақилона қадам мондани онҳоро арзанда ҳисобанд.
Дувумин ба синну соли мувофиқ нарасидани никоҳшавандагон мебошад; Беҳуда нест, ки моҳи январи соли 2011 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуда, синни никоҳиро, ки то ин вақт аз 17 сола буд ва онро ба 18 солагӣ иваз намуданд. Албатта шароити иқлимиву иқтисодии кишвари мо барои то синни 18 солагӣ бастани ақди никоҳ номувофиқ мебошад. Зеро таҷрибаҳо нишон доданд, ки то 18 солагӣ никоҳшавандагон чӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва чӣ аз ҷиҳатиақлонӣ пурра инкишоф наёфта буда, бори гарони зиндагиро мустақилона бардошт карда наметавонанд. Аз ин ру ин омилҳам аксаран боиси вайроншавии оилаҳои ҷавон мегардад.
Дигар сабаби вайроншавии оилаҳои ҷавон ин пинҳон мондани бемории тарафи никоҳшаванда то баъди никоҳ мебошад. Албатта, на ҳама аъзоёни ҷомеаи мо солим мебошанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан бемории то бастани ақди никоҳ пинҳонмондаи тарафи никоҳшаванда сабаби барҳамхурии оилаи ҷавон мегардад. Хуб мешуд, ки пеш аз бастани ақди никоҳ тарафҳои никоҳшаванда аз вазъи руҳию ҷисмонии якдигар пурра бохабар шуда, баъдан барои бастани ақди никоҳ розигӣ медоданд. Масалан, бемориҳои сироятии табобатнашаванда, импотенсия, бемориҳои асаб ва ғайраҳо.
Дахолати шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ низ яке аз сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон мебошад. Ин ҳолат дар таҷрибаи судӣ хеле зиёд ба чашм мерасад. Аксари оилаҳо ба таъсири манфии хусуру хушдоман, бародарону хоҳарони ҳамсар ва дигар хешу ақрабо тоб наоварда оилаашон барҳам мехуранд. Ин ҳолат низ танзими оилавии худро талаб мекунад. Воқеан ҳам ҳастанд падару модароне, ки худашон мактаби дурусти оиладориро аз сар нагузаронда, бар ивази кушиши устувор нигоҳ доштани оилаи фарзандонашон боз манфиатҳои шахсиашонро волотар дониста, кинаю адоватро байни навоиладорон парварида, роҳҳои ҷудо кардани онҳоро меомузанд.
Дар охир ҳаминро қайд кардани ҳастам, ки ҳар як фарде, ки оила барпо менамояд дар ҷомеа ӯ алакай аъзои мустақил ҳисобида шуда, бояд муносибатҳои оилавиашро мустақилона идора намуда, андешакорона рафтор намояд.

Судияи суди
нохияи Спитамен Шамсзода С.А.