Рушди сиёсати ҳуқуқӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва стратегӣ дар рушди давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, дар самтҳои гуногун, нақши калидӣ дорад.

Паёми навбатии Пешвои миллат тамоми соҳаҳоро дар бар гирифта, дар баробари сиёсати дохилӣ, масъалаҳои вобаста ба сиёсати хориҷӣ низ дар меҳвари Паём қарор доштанд. Чун ҳамешагӣ соҳаи маориф аз муҳимтарин мавзӯъҳои Паём маҳсуб ёфт, ки пешрафти кишвар ва ривоҷу равнақи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия вобастагӣ дорад.

Инчунин, Пешвои миллат дар Паём оид ба рушди иқтисодӣ, ободонию созандагии кишвари азизамон, аз саҳми соҳибкорони ватандӯсту худогоҳи миллат, нақши ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ватан дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ёдовар гаштанд.

Рушди сиёсати ҳуқуқӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат қарор дошта, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Президенти кишвар ба мақоми олии қонунгузор 23 маротиба бо Паёмҳои худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баромад намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар Паёмҳои Сарвари маҳбуби кишварамон самтҳои гуногуни сиёсати ҳуқуқии кишвар, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сабаб ва омилҳои гуногун рушд намуда, яке аз воситаҳои муҳим дар такмили он, маҳз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Паём чун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ дар самти ислоҳоти низоми қонунгузорӣ оид ба қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳо, беҳтар намудани сифати қонунҳо ва воқеъгардонии онҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

Чи тавре ки дар Паёмашон Пешвои миллат қайд намуданд: «14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард», шоёни таҳсин аст.

Боиси ифтихор аст, ки ҳар як ташаббусу икдомҳои Сарвари маҳбуби кишварамон дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гашта, мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Соз-мони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иклим дар миқёси сайёра, ки бо пешни-ҳоди Пешвои миллат рӯи кор омад, амалӣ хоҳад шуд.

Ҷавобан ба дастуру супоришҳои дар Паём ироа шудаи Пешвои миллат,  мо дар кадом вазифае бошем, бояд баҳри ҳифзи истиқполу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ содиқона ва софдилона хизмат намоем.

М. Қувваталӣ ва Ф. Маҳмудзода, судяҳои суди ноҳияи Спитамен