Пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризм

Ҷаҳони муосир илова бар пешравиҳояш дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, гоҳо ба амвоҷи афкору андешаҳои иртиҷоӣ дучор мешавад. Баъзе равия, ҳаракату аҳзобе арзи вуҷуд кардаанд, ки барои халалдор намудани амнияту суботи минтақаҳо амал мекунанд. Таъсири онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигари олам убур карда, вазъияти ҷомеаи ҷаҳониро муташанниҷ намудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хусусияти тахрибкоронаи чунин ҳаракатҳоро омӯхта, фаъолияти онҳоро мамнуъ эълон кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун яке аз ташаббускорон бар зидди чунин гурӯҳҳо тайи чанд соли охир ба тафаккури террористиву экстремистӣ, ки ташкилоти террористии ҲНИ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷорӣ кардан мехосту мехоҳад,  муборизаро ҳамаҷониба ба роҳ мондааст.

Ташкилоти террористии мазкур (ҲНИ) аз ҳаракатҳои иртиҷоие мебошад, ки солҳои 90-уми асри ХХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро тезутунд намуда буд. Аз фурсате, ки он замон барояш муҳайё гардид, намояндагони созмони экстремистию террористии ҲНИ, тавонистанд ба манфиати худу хоҷагонашон истифода баранд. Террористони наҳзатӣ мардумро ба майдоннишинӣ даъват карда, онҳоро барои пиёда сохтани ниятҳои муғризонаашон бар зидди Давлат ва Ҳукумат, ҷалб ва ваҳшонияту амалҳои ғайриахлоқиро ба муқобили мардуми ба онҳо ҳамроҳнашуда равона намуд. Ҳамин тариқ, ТТЭ ҲНИ, ки баробари фурӯпошии ИҶШС, аз моҳи декабри соли 1991 дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда буд, ба харобкории зиёд даст зад. Ҳоло ки фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман мамнуъ эълон шудааст, роҳбарону пайравони он фаъолияташонро ҳамчун Ҳаракати наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар идома дода истодаанд.

Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ТТЭ ҲНИ авф гардид ва дубора иҷозаи фаъолияти расмиро касб намуд. Баробар ба таърихи ТТЭ ҲНИ созмони дигари террористии исломӣ – «Ихвон-ул-муслимин» низ пайдо гардид. «Ихвон-ул-муслимин», ТТЭ ҲНИ ва рӯҳониҳои иртиҷоии дигар аз нигоҳи идеологӣ корбариҳои якхела доранд, зеро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз ба имзорасии Созишномаи сулҳ ТТЭ ҲНИ амалҳои мушобеҳ ба амалҳои «Ихвон-ул-муслимин»-ро анҷом дода буд. Маҳз бо «шарофат»-и ҳамин ташкилот беш аз 150 ҳазор нафар тоҷикистонӣ кушта шуд.

Бо вуҷуди пеш бурдани корҳои тарғиботӣ аз ҷониби сохторҳои гуногун имрӯз ҳам бархе аз ҷавонони фаъоли ҷомеа ва равшанфикрон ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ афтоданашонро нафаҳмида мемонанд.

Муҳаммадалии Қ., судяи суди ноҳияи Спитамен