Паёми сарнавиштсоз
Имрӯз мардуми тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгари мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, меъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллиро мебинанд. Ба тасвиб расидани Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат» ин як рамзи арҷгузорӣ ба захмату талошҳои шабонарӯзии ин абармарди сиёсат, аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон ва рӯйдоди руҳбахше мебошад, ки дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Мардуми сипосгузори тоҷик ба заҳмату талошҳои фидокоронаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт бо чашми хирад нигариста, бо азму иродаи қатъӣ ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи ин нобиғаи даҳр, поягузори давлатдории навини тоҷикон, асосгузори сулху ваҳдати миллӣ меоошанд. Ҳамасола Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо Паём муроҷиат мекамоянд. Қобили зикр аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саршор аз меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ба тамоми қишрҳои аҳолӣ буда, ҳамаи соҳаҳои хаёти ҷомеаро фаро мегирад. Дар Паём Сарвари давлат оид ба як қатор мушкилоту дастгириҳо сухан гуфтанд. Аз ҷумла, дар мавриди дастгирии занону бонувон чунин баён доштанд: «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташхил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд».
Зарина Раҳимзода, Раиси суди ноҳияи Спитамен