ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

«Қонуни танзим кафили низоми рӯзгори мост».

 

Даҳ сол муқаддам бо тақозои айём Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардид.

Мақсад аз қабули ин Қонун аввалан мусоидатёбӣ ба зиндагии тинҷу ороми оила, худдорӣ аз харҷу хароҷотҳои беҳудаи миёншикан дар тӯю азо ва пешгирии таассуби пайравӣ, ки хоси суннатҳои халқи бофарҳанги мо нест. Чунон, ки дар моддаи аввали он дарҷ гардидааст.

Даҳ соли сипаригардидаи Қонуни зерин собит кард, ки аз манфиаташ аҳли ҷомеаи мо баргузор гардида, аз рушди манбаъдаи он иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар бурд мекунад.

Ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоати ва гирифтани пеши роҳи хараҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавию ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд.

Мехостам ин ҷо оиди баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ истода гузарам. Барои гузаронидани ин маросим падару модари ҳарду тараф ҷандинсола бо заҳмати зиёд маблағи ҷамънамудаашонро сарф карда, ҳатто бо ҳамдигар сабқат менамоянд. Хусусан арӯсро бо дабдаба бо ҷиҳоз аз қабили маснуоти тилловораҳо, мебели пурраи хонаи хоб, матовораҳову либосҳои бешумор, ки давоми сол истифода нашуда аз мӯд мемонанд, гусел менамоянд.

Дар рӯи мизи ҳар як судя садҳо аризаҳои воридшавиро диндан мумкин аст, ки аксари ҷанҷолҳо аз боиси ҳамин ашёҳо ва муроҷиатҳо баҳри гирифтану руёнидани чизу чораҳо, ки оқибати инҳама дилсардии ҷавонон аз ҳамдигар мебошад. Волидайнҳо маблағҳои худро барои соҳиби хона намудани навхонадорон сарф намоянд беҳтар мешуд. Ба ақидаи ман ҷиҳати алоҳида зиндагии мустақилро оғоз намуда, бо меҳнати худ ашёву ҷиҳози рӯзгорро харида ба қадри зиндагии якҷоягӣ мерасанд.

Мисол: Дар таҷрибаи Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд шаҳраванд (А) санаи 06.08.2017 сол ҳангоми баргузории туйи хатнасури писараш дар манзили истиқоматиаш бо иштироки зиёда аз 68 (шасту ҳашт) нафар меҳмонон, яъне бештар аз 60 нафар меҳмонон баргузор намуда, бо ин кирдораш тартиби муқарарнамудаи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки хатнасур ба таври ихтиёри дар як рӯз бо иштироки то 60 (шаст) нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат ё ош) бо харҷи кам гузаронина мешавад, риоя накардааст. Дар доира қонун ҷарима банди карда шудааст.

Инчунин боз дар таҷрибаи Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд шаҳраванд (А) санаи 17.08.2017 сол 63 солагии модараш ва туйи хатнасури писарашро дар манзили истиқоматиаш бо иштироки 60 (шаст) нафар дар доираи ду чорабинӣ, додани ду хурок баргузор намуда, бо ин кирдораш тартиби муқарарнамудаи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад, риоя накардааст. Дар доира қонун ҷарима банди карда шудааст.

Дигар масъалае, ки мехоҳам ибрози ақида намоям, ин гузаронидани тартиби тӯй дар деҳотҳо. Аксар дар деҳот шумораи иштироккунандагон ба нишон дароварда намешавад, ки боиси ташвиши зиёдати соҳибмарака ва хараҷотҳои зиндагӣ мешавад. Аз ин лиҳоз ҷавобгарии пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин зиёдатиро ба эътидол медарорад. Бинобар ин бояд раисони кумитаҳои маҳал, мутасаддиён кор баранд. Дар мо байни халқ рафта корҳои ташвиқоту тарғибот оиди қонуни мазкур бисёртар ба халқ суханрони намуда халқро водор намояд, ки қонуни мазкур барои беҳбуди оила ва исрофкори зиёдати қабул карда шудааст.

Ин чунин санаи 28.08.2017 сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Масалан: дар моддаи 9 қонуни мазкур таҳрири зерин ифода карда шудааст. 1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. 2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. 3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд. 4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст. 5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд. 6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд. 7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Мақсади ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардидан ин, боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагонии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Корманди дастгоҳи суди ноҳияи

Спитамени вилояти Суғд                                       Дустмуродзода Н.С.