Мулоқот оид ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Имрӯз, 07 майи соли 2024  бо иштироки судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳидинзода Т.Қ. ва котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Спитамен Иброгимзода М.И.  бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен дар доираи эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мулоқот доир гардид. Дар мулоқоти мазкур  судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳидинзода Т.Қ. оид ба  «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024, нуқтаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дин, меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дод

.