Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Рӯзи 3 ноябри соли 2023 дар суди ноҳияи Спитамен бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар аввал раиси суд Раҳимзода З.А. оиди таърихи қабули Конститутсия суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, дар қатори панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои амалкунандаи олам қарор дорад.