Корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Санаи 18 марти соли 2025 судяҳои суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Муҳаммадалии Қуваталӣ ва Маҳмудзода Фирӯза дар бинои Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен бо сокинони ин Ҷамоат вохурӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” баргузор намуданд.