Истиқлолият-воқеаи муҳими таърихӣ аст

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муқадастарин ва бузургтарини мардуми тоҷик буда, ҳамчун ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон давлатдории худро бунёд намуда, дар қатори давлатҳои дигар дар арсаи байналмилалӣ мақом ва мавқеи хоси худро пайдо намояд.

Аввалин заминаҳои ҳуқуқии ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин санади сарнавиштсоз Эъломия «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990» ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, №392 «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» мебошад, ки минбаъда тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд эълон кард шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти беандозаи истиқлолиятро барои халқи тоҷик чунин баҳо додаст:

«Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутаммадину пешрафта ташаккул ёфт, сабзид ва ба камол расид.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду муттамадини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Яке аз санадҳои муҳим ва санади сарнавиштсоз барои давлату миллати тоҷик дар давраи истиқлолият ин тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 6 ноябри соли 1994 мебошад, ки ба раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷики-стон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намудааст. Меъёрҳои он дар рушди давлати демократию ҳукукбунёди Тоҷикистон, таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ, муносибатҳои сифатан нави миёни шахсият, ҷомеа ва давлат, инчунин ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишварамон шароити мусоиди сиёсиву ҳуқуқи фароҳам овардаанд.

Дар натиҷаи таҳавуллот ва дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию ҳуқуқӣ, таҳкими ваҳдату субот ва ризоияти миллӣ ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағийроту иловаҳои нав ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, ки давоми мантиқии ислоҳоти судӣ ба ҳисоб мерафт.

Боби 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти суди бахшида шудааст, ки мувофиқи моддаи 84 Конститутсия ҳокимияти судӣ му-стақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти суди ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Маҳз дар солҳои соҳибихтиёр гаш-тани Тоҷикистон қабул гардидани як силсила қонунҳо, аз ҷумла Кодексҳои мурофиавии  гражданӣ,  мурофиавии ҷиноятӣ, судии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҳуқуқвайронкуниии маъмурӣ, силсилаи қонунҳо «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ». «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистои», қонунҳои миллӣ, Қонуни Ҷумҳурин Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд ба таҳкими ислоҳот дар ҳокимияти судӣ мусоидат намуданд.

Яке аз дастовардҳои давраи истиқлолият дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қабул гардидани қонунҳои миллӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боран танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулитяи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад,

Қонунҳои дар боло зикргардида, бевосита бо таклиф ва пешниҳоди мардуми Тоҷикистон қабул гардида, онҳо ифодагарди манфиатҳои халқ буда, моҳият ва мақсади он беҳтар кардани ша-роити зиндагаи мардум ба ҳисоб меравад. Қабул шудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», сатҳи зиндагии мардум беҳтар, ҷашну маросим ва маъракаҳои азодориро ба тартиб дароварда, мардумро аз таассуботи динӣ озод карда, аз ҳар гуна сарфу хароҷотҳои беандоза ва нодаркор, ки боиси коста гардидани вазъи иқтиссдии ва иҷтимоии ҳар як оила мегардид, аз байн бурд.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳу-рии Тоҷикистон ҳуқуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ зътироф карда шуда, дар сатҳи конститутсионӣ кафолат дода шудааст, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолията рукнҳои ҳокимияти давлатӣ буда, ба воситаи мақомоти судӣ таъмин мегардад.

Ҳамаи ин пешравиҳо, пеш аз ҳама ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба мо муяссар гаштааст. Имсол мо 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

Бигзор парчами истиқлолият асрҳои аср ба сари миллати куҳанбунёду номдор ва озодаи тоҷик парафшон бошад!

МУҲИДИНЗОДА Т.Қ. судяи Суди ноҳияи Спитамен