Истиқлолият — нишонаи барҷастаи пойдории давлат
9 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Миллати мо соҳиби тамаддуни пешрафта аст ва бо алломаҳои бузурги миллат, чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳанг дар арсаи дунё маълуму машҳур гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки дар моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар диёри мо сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин гардид, гурезаҳои беватан ба ватан дубора баргардонида шуда, зиндагӣ сол аз сол хубу беҳтар шуд.
Шукри Худованд, ки бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат давлати мо, дар ҳамаи самтҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, душвортарин муаммои мо, ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки он ҳам зина ба зина роҳи ҳалли худро ёфта, мардум бо барқи доимӣ таъмин гардиданд.
Дар ин замина, дар кишвар бо маром сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ сохта шуданд.
Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмони қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, нақби Шаршар ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад.
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Ҳамасола, ба истиқболи Рӯзи Истиқлолият дар саросари кишварамон ва шаҳру ноҳияҳои вилоят чандин иншоотҳо сохта, даҳҳо нафарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Соли оянда бошад, мардуми шарифи кишварамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас ва меҳнати шоён истиқбол хоҳанд гирифт.
раиси Суди ноҳияи Спитамен Лоиқ Зикирзода,