Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо

Бо мақсади иҷрои супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони суди ноҳияи Спитамен пайваста рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани атроф саҳмгузорӣ менамоянд.
Санаи 01 апрели соли 2023 дар самти корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ суди ноҳияи Спитамен шанбегӣ доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоҳҳои дохил ва гирду атрофи бинои суд, нарм намудани заминҳо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.