Санаи 26 ноябри соли 2025 дар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ дар МТМУ-и №14 воқеъ дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен парвандаи ҷиноятӣ нисбати Дӯстматов Нуриддин Абдумаҷитович бо моддаи 237 қисми 2-и бандҳои «б,г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода Зарина Абдухолиқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Санаи 24 ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи суди ноҳияи Спитамен маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур кормандон бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ суханрони намудаанд.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 24.11.2025 то санаи 28.11.2025 сол.
Санаи 20 ноябри соли 2025 дар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ дар манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев, кучаи Халилова, хонаи №6 парвандаи оилавӣ бо даъвои Раҷабова Дилшода нисбати ҷавобгар Раҷабов Муродҷон оиди эътироф намудани аъзои оилаи молик ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ аз ҷониби судяи суди ноҳияи Спитамен Маҳмудзода Фирӯза Маҳкам баррасӣ карда шуд.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 17.11.2025 то санаи 21.11.2025 сол.
Санаи 15 ноябри соли 2025 дар ҳудуди суди ноҳияи Спитамен бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд шанбегӣ гузаронида шуд.
Санаи 14 ноябри соли 2025 дар Суди ноҳияи Спитамен ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ин рӯз аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳ оид ба нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу субод, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намудаанд.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 10.11.2025 то санаи 14.11.2025 сол.
Санаи 03 ноябри соли 2025 дар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ дар манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Куруш, деҳаи Файзобод парвандаи оилавӣ бо даъвои Саматова Гулчеҳра нисбати ҷавобгарон Хусанов Абдулбари, Хуҷамбердиев Дониёр ва Хуҷамбердиев Тоир дар бораи эътироф намудани моликияти умумӣ, муайян намудани ҳисса ва тақсими он аз ҷониби судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳаммадалии Қуваталӣ баррасӣ карда шуд.