Санаи 22 январи соли 2026 бо парвандаи оилавӣ бо даъвои Ахмедов Усмонали Ҳайдарович нисбати Ахмедов Умарали Ҳайдарович дар бораи эътироф намудани моликияти муштараки зану шавҳар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ дар манзили баҳсӣ воқеъ дар суроғаи Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев, кучаи С.Айнӣ, хонаи №45А аз ҷониби раисикунанда судя Муҳидинзода Т.Қ. бо иштироки тарафҳо гузаронида шуд.
Санаи 16 январи соли 2026 Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода Зарина Абдухолиқ бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Спитамен Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло бо сокинони Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен оид ба тавзеҳоти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохӯрӣ гузаронидаанд.
Санаи 15 январи соли 2026 Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода Зарина Абдухолиқ бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Спитамен Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло бо сокинони Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен оид ба тавзеҳоти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохӯрӣ гузаронидаанд.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 19.01.2026 то санаи 23.01.2026 сол.
Маҷлиси назоратии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар утоқи кории Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода Зарина Абдухолиқ дар санаи 12 январи соли 2026 сол.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 12.01.2026 то санаи 16.01.2026 сол.
Мо, кормандони суди ноҳияи Спитамен тамоми халқи Тоҷикистонро бо фарорасии соли нави 2026 муборакбод намуда, бароятон сиҳату саломатӣ, орому осоиштагӣ ва комёбиҳои бемаҳдудро таманно дорем!!!
Дар санаи 30 декабри соли 2025 дар бинои суди ноҳияи Спитамен бо иштироки мутахассисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия омӯзиши низоми гардиши хуҷҷатҳои электронӣ баргузор гардид.
Баромади судяи суди ноҳияи Спитамен дар машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуи қабул ва даст кашидан аз мерос.
Маҷлиси ҷамъбастӣ. Имрӯз, 25 декабри соли 2025 натиҷаи фаъолияти суди ноҳияи Спитамен дар давоми соли 2025 ҷамъбаст гардид. Чорабиниро раиси суд Раҳимзода З.А. оғоз карда, фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияро дар соли 2025 натиҷагирӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба суди ноҳияи Спитамен ҳамагӣ 2199 адад парванда ва пешниҳоду дархост ворид гардида, аз ин миқдор 2137 адад мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин давра аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи 194 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 354 адад парвандаҳои маданӣ, 719 адад парвандаҳои оилавӣ, 731 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 91 адад пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро, инчунин 48 адад дархостҳои мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Бояд гуфт, ки аз ин шумора 514 парвандаҳои судӣ дар мурофиаҳои сайёр баррасӣ гардида, ҳамзамон, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, дар маҷмӯъ судяҳо 419 таъиноти хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол намуданд. Дар соли 2025 бо мақсади ҷамъбасти таҷрибаи судии баррасии категорияи мушаххаси парвандаҳо 12 ҷамъбастӣ гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ба мақомоти марбута пешниҳодҳои дахлдор ирсол карда шуданд. Инчунин, бо мақсади амалисозии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» судяҳои суди ноҳия дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо, муассисаҳои таълимӣ ва коллективҳои меҳнатӣ бо шаҳрвандон 160 вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, мазмуну муҳтавои Конститутсия, қонунҳои кишвар, аз ҷумла қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро фаҳмонида, тариқи телевизиону радио 44 маротиба баромаду суҳбатҳо ороста, дар матбуоти даврӣ 24 адад мақолаву хабарҳо интишор намуданд. Дар идомаи маҷлис судяҳои суди ноҳия бо маърӯзаҳо баромад намуда, аз натиҷаи фаъолияти худ дар соли сипаришаванда ахборот доданд. Дар интиҳои маҷлис аз ҷониби раиси суд Раҳимзода З.А. оид ба саривақт баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ, таҳияи санадҳои судии босифат ва супоридани онҳо ба шахсони иштирокчии парванда, бебаррасӣ мондани аризаҳои даъвогӣ, гузаронидани ҷамъбастҳои таҷрибаи судии парвандаҳои категорияи мушаххас, ҳарчӣ тезтар баррасӣ намудани парвандаҳои боқимонда аз давраи ҳисоботӣ, инчунин тақвият бахшидани фаъолият дар самти баргузории маҷлисҳои сайёри судӣ, қабул намудани таъинотҳои хусусии асоснок ва гузаронидани тарғиботу ташвиқот бо баромадҳо дар телевизиону радио, нашри мақолаҳо дар мавзӯъҳои мубрами ҳуқуқӣ дар матбуоти даврӣ ва вохӯрию мулоқотҳо бо шаҳрвандон дастурҳои мушаххас дод. Ҷараёни назорати иҷрои ҷазои ҷарима мавриди зикри хос қарор гирифта, аз ҷониби раиси суд вобаста ба ин масъала таъкид гардид, ки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҳамкориро дар ин самт бо иҷрочиёни Хадамоти иҷро тақвият бахшида, таъмини иҷрои супоридани ҷаримаҳоро ба буҷети давлатӣ зери назорати қатъӣ карор диҳанд. Инчунин, масъалаҳои интизоми меҳнат, риояи навбатдории судяҳо ва котибони маҷлиси судӣ, қабули шаҳрвандон, ҳамчунин саривақт супоридани парвандаҳои баррасигардида ба дафтархонаи суд, пешбурди сомонаи интернетии суд алоҳида таъкид гардида, дар ин хусус дастуру супоришҳои мушаххас дода, ба кори маҷлиси ҷамъбастӣ хотима дода шуд.