Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 30.03.2026 то санаи 03.04.2026 сол.
Санаи 20-уми марти соли 2026 дар ноҳияи Спитамен ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси прокуратураи ноҳияи Спитамен чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин чорабанӣ Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода З.А., иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Спитамен Ҷӯразода Ҷ. ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муаассисаҳо иштирок намуданд.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 10.03.2026 то санаи 13.03.2026 сол.
Санаи 06 марти соли 2026 дар суди ноҳияи Спитамен ба муносибати рӯзи модарон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд, ки дар ин рӯз аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳ оид ба нақш ва мавқеи модар дар таълим ва тарбияи фарзандон баромад намуданд.
Санаҳои 02 ва 03 марти соли 2026 Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода З.А. дар Маркази маълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар семинар вобаста ба мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таъбиз» ва Қарори Плениуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба таъбиз алоқаманд ба миён меоянд» иштирок намуданд.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 02.03.2026 то санаи 06.03.2026 сол.
Дар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ парвандаи оилавӣ бо даъвои Утбосаров Умидҷон Ботирҷонович нисбати ҷавобгар Юлдошева Ойсара Абдусатторовна дар бораи бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби муовини Раиси суди ноҳияи Спитамен Зиёзода М.Ҳ. баррасӣ карда шуд.
Баррассии парвандаи маданӣ бо даъвои Умарова Шафоат ва Умарова Гулҳаё нисбати Умаров Ҷалолиддин дар бораи муайян намудани ҳисса ва таҳсими он дар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ воқеъ дар манзили истиқоматии баҳсӣ аз ҷониби судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳидинзода Тоҳирҷон Қаландар.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 23.02.2026 то санаи 27.02.2026 сол.