Санаи 03 ноябри соли 2025 дар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ дар манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Куруш, деҳаи Файзобод парвандаи оилавӣ бо даъвои Саматова Гулчеҳра нисбати ҷавобгарон Хусанов Абдулбари, Хуҷамбердиев Дониёр ва Хуҷамбердиев Тоир дар бораи эътироф намудани моликияти умумӣ, муайян намудани ҳисса ва тақсими он аз ҷониби судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳаммадалии Қуваталӣ баррасӣ карда шуд.
Санаи 03 ноябри соли 2025 дар утоқи кории Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода Зарина Абдухолиқ маҷлиси назоратӣ гузаронида шуд. Дар маҷлис корҳои ба анҷом расонидашуда таҳлил карда шуда, ҷиҳати беҳтар намудани сифати корӣ, ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта ва роҳ надодан ба чунин камбудиҳо аз тарафи Раиси суд супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 03.11.2025 то санаи 05.11.2025 сол.
Баромади котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Спитамен Солиҷонзода Мақсуда Солиҷонӣ дар семинари навбатӣ дар суди вилояти Суғд.
Санаи 30 октябри соли 2025 дар мурофиаи ошкорои сайёри судӣ дар хонаи истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев, деҳаи Янгиобод, кучаи Каримов-ҳавлии №112 парвандаи оилавӣ бо даъвои Умматова Рухсора Рауфҷоновна нисбати ҷавобгарон Юсупов Неъматҷон Аҳмадҷонович ва Юсупов Аҳмадҷон Мамараҳимович дар бораи аъзои оилаи молик эътироф кардан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ аз ҷониби судяи суди ноҳияи Спитамен баррасӣ карда шуд.
Рӯйхати парвандаҳои таъингардида барои баррасӣ дар давраи аз санаи 27.10.2025 то санаи 31.10.2025 сол.
Санаи 27-уми октябри соли 2025 дар бинои китобхонаи марказии ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Спитамен ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Раиси ноҳияи Спитамен Нӯмонзода Темурҷон ва роҳбарони мақомоти хифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳо иштирок намудаанд.
Мақолаи судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳидинзода Тоҳирҷон Қаландар бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар мавзуи Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар роҳи эъмори ҷомеаъи ҳуқуқбунёд дар газетаи «Паёми Спитамен».»
Санаи 23 октябри соли 2025 дар Суди ноҳияи Спитамен бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд, ки дар ин рӯз аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳ оид ба нақша ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намдуаанд.
Санаи 21 октябри соли 2025 дар мурофиаи ошокроӣ сайёри судӣ дар бинои китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен ба номи Камоли Хуҷандӣ парвандаи маданӣ бо даъвои Цой Тамара нисбати Абдуразоқов Ғайбулло дар бораи бартараф намудани монеагӣ аз ҷониби судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳидинзода Т.Қ. баррасӣ карда шуд.