БО ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ОШТИНОПАЗИР БОШЕМ

Терроризм яке аз воситаҳои амалӣ кардани мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои муташаккил мебошад. Мақсади асосии терроризми байналхалқӣ дар ин ё он давлат барпо кардани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша ва бештар ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад.

Яке аз проблемаҳои ҷаҳонӣ муосир афзоиши хатари терроризми байналхалқие мебошад, ки бо шиорҳои бофтаву сохтаи исломӣ пардапӯш шудааст. Дар асл ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баракс, таълимоташ зидди ин падидаҳои хатарнок нигаронида шудааст. Вале бо вуҷуди ин қувваҳое ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини ислом сӯиистифода мекунанд.

Сухан дар бораи муқовимат бо ислом  ҳамчун яке аз динҳои  ҷаҳонӣ, балки дар бораи мубориза бар зидди моҷароҷӯён, ҷудоихоҳоне меравад, ки ба дин ягон умумияте надошта, танҳо моҳияти ҷинояткориву моҷароҷӯии худро бо шиорҳои исломӣ пардппӯш мекунанд ва ба ин васила ба дини мубини ислом доғ меоранд.

Зикри як нуқта кофист, ки имрӯз мафҳумҳои  «терроризми исломӣ», «фундаментализми исломӣ» дар забони сиёсатшиносони баъзе кишварҳои Ғарб зиёд истифода мешаванд. Ин равия боиси дар шуури аҳолии  сайёра ба вуҷуд омадани нафрат ба дини мубини ислом ва мардуми мусулмон мегардад. Дар натиҷа чунон ки шоҳид ҳастем, имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам ба объекти фишору зӯроварӣ табдил ёфтани мусулмонон, поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҷой дорад. Ин сиёсат бисёр хатарнок аст. Зеро тафриқагузорӣ аз рӯйи дину мазҳаб ва дар ҳамин асос маҳдуд кардани мусулмонон метавонад ҷаҳонро ба мухолифати динӣ ва гузашта аз ин ба мухолифати тамаддунҳо расонад.

Мо ба дини мубини ислом  чун як сарчашмаи покизаи маънавӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум мезозад. Бинобар ин терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест.

Аз ин рӯ қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад.

Имрӯз бояд мо ба таълиму тарбияи насли ҷавон аҳамияти зиёд диҳем, волидайн, калонсолон дар дили фарзандон, ҷавонон руҳияи ватандӯстиро ҷой диҳанд, то ки дар оянда онҳо натанҳо фирефтаи равияҳои гуногуни ифротӣ нашаванд, балки барои ҳифзи кишвари худ камар баста, ҳомии замини аҷдодии худ бошанд.

Мо ҳама-хурду калони ҷомеа, ҷавонон, соҳибистиқлолии давлатамонро дар дилу дида ҷо карда, баҳри гул-гул шукуфоии кишвари азиз, таъмини амнияти халқу давлат ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик кӯшиш намоем.

Мо бояд ҳаргиз роҳ надиҳем, ки фарзандонамон, ҷавонони ҷомеа гирифтори фикру ақида ва мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ гарданд. Мақсаду мароми мо сулҳу осоиш, дӯстию ваҳдати халқҳои Тоҷикистон, фаъолияту меҳнати созанда, зиндагии шоистаи мардум ва шукуфоии Ватани азизамон мебошад.

Муҳидинзода Т.Қ., судяи суди ноҳияи Спитамен