Бардошт аз Паём



 Терроризм — душмани сулҳу суббот

 

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи шабакаҳои кишвар тамошо карда, аз он як ҷаҳон маънӣ ва рӯҳу илҳоми тоза гирифтем. Ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ роҳи минбаъдаи моро дар пешбурди соҳаҳо равшан намуд.

Пешвои миллат дар Паём зимни таҳлили амиқи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ҳамчунин доир ба амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, таъкид карда  гузаштанд.

Дарвоқеъ, чуноне ки аз васоити ахбори  омма огоҳ мегардем,  терроризм имрӯзҳо бо таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Қариб ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа дар кишварҳои дунё амалҳои бераҳмонаи террористӣ ба вуқуъ меоянд, моро бори дигар ҳушдор менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва баҳри ҳимояву ҳифзи марзу буми ватанамон тайёру содиқ бошем.

Роҳбари кишварамон дар Паём доир ба ақидаҳои манфури террористон, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, бо ҳар роҳу восита ва истифодаи технологияҳои  муосири иттилоотӣ аз тарафи ин гурӯҳҳо истода гузаштанд ва дуруст ҳам қайд карданд, ки «Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.

Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».

Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат зимни ироаи Паём  сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Аз ин хотир, мо кормандони мақомоти судӣ дар ҳамҷоягӣ бо МИМҲД-и ноҳия, дигар сохторҳои қудратӣ зимни ҳар вохӯриву мулоқотҳо бо мардум сари ин масъалаи доғи рӯз истода, волидайнро тарғибу ташвиқ менамоем, ки дар тарбияи фарзандони худ боэътибор бошанд. Барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил ба фарзандони худ аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд. Ҳамагон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки Ватани маҳбубамонро ободу зебо намуда, дар пешравии он саҳмгузор бошем.

 

Раиси суди ноҳияи Спитамен.

Зикирзода Лоиқ