Аз ҷониби Суди ноҳияи Спитамен санаи 14.12.2020 сол ҳисоботи солона супорида шуд.
Суди ноҳияи Спитамен натиҷаи фаъолияти корӣ дар давраи ҳисоботи соли 2020-ро ба анҷом расонида таҳлилу ҷамъбаст намуд.
Таҳлилҳо нишон дод, ки кормандони Суди ноҳияи Спитамен дар давоми соли 2020 фаъолияти ба зимма доштаро, мутобиқи талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарору Фармонҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои аз Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеомада, Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ҷодаи ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими қонуният корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд.
Дар асоси муқаррароти руйхати воҳиди, дар Суди ноҳияи Спитамен: Раис, 3 судя, пристави суд, сардори шуъбаи коргузорӣ, тарҷумон, 5 нафар котибони маҷлиси судӣ, 2 котибони суд ва 1 котиби чопкун кору фаъолият карда истодаанд.
Ҳамаи парвандаҳо, пешниҳодҳо, ариза ва аризаҳои даъвогии дар давраи соли 2020 ба сyди ноҳияи Спитамен ворид гардида, сари вақт аз рӯзи дохил шуданашон дар дафтари коргузории суд ба қайд гирифта шуда, барои барраси ба судяҳо вогузор карда шудааст.
Судяҳои суди ноҳияи Спитамен баҳри таҳким ва ташфиқу тарғиби қонунҳои ҷорӣ, баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеа кор бурда, чорабиниҳои муайянеро ба иҷро расонидаанд.
Дар давраи ҳисоботи соли 2020, суди ноҳияи Спитамен баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаю чорабиниҳои вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 № 383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳури», Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2019, Дар бораи иҷрои Дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба роҳбари гирифта кору фаъолият карда истодаанд.
Аз ҷумла кормандони суди ноҳияи Спитамен дар ин ҷода ҳуҷҷатҳои номбурдаро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудани он нақшаҳои кории алоҳида тартиб додаанд. Дар рафти баррасии парвандаҳои дар пешбурд қарор дошта, дар вохӯриҳо дар байни коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ноҳия, вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолии ноҳияи Спитамен гузаронида, мазмуну моҳияти Қарору фармонҳои зикргашта фаҳмонида мешавад.
Илова бар ин вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 сол «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақшаҳои алоҳидаи корӣ тартиб дода шуда, дар ин самтҳои хело муҳим корҳои муайян ба сомон расонида шуд.
Ҳамчунин тибқи нақшаҳои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба гузаронидани суҳбату вохўриҳои сайёр бо хонандагони синфҳои 10-11 ва волидони онҳо оид ба пешгирии ҷиноятсодиркунии байни ноболиғону ҷавонон, пешгирии даст ба амалҳои номатлуб задани онҳо ва бурдани тарзи ҳаёти солим тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар ҳудуди ҷамоатҳо, гузаронидани суҳбату вохўриҳои сайёр бо сокинони ҷамоатҳо оид ба пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва иртиҷоӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, пешгирии шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба сафи ташкилоҳои террористию экстремистӣ, оид ба масъалаи баргардонидани нафароне, ки дар давлатҳои ҷангзада қарор доранд, ҳамчунин татбиқи “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” бо иштироки намояндагони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шудааст.
Судяҳои суди ноҳияи Спитамен, дар давраи ҳисоботи тавассуди садо 11 маротиба, 11 мақолаҳо дар рузномаҳо чоп намуда, 195 маротиба дар ташкилоту муассисаҳо вохӯриҳо ва сўҳбатҳо бо коллективҳои меҳнатӣ гузаронидаанд.
Кормандони суди ноҳияи Спитамен тасмим гирифтаанд, ки дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳамаи он камбудӣ ва норасогиҳои дар фаъолияташон ҷой доштаро бартараф намуда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифат ва самаранокии кор дар ҷодаи ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини риояи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, баррасии саривақтии парвандаҳои судӣ, иҷроиши санадҳои судӣ, ташкили дурусти кори дафтари коргузориро ба анҷом расонида, бо ин роҳ барои таъмини ҳифзи кафолатҳои Конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон саҳмгузор мегарданд.
Раиси суди
ноҳияи Спитамен Зикирзода Л.Х.