Ҳамкорӣ бо ҷомеаро вусъат мебахшем
Паёми навбатии ироанамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 23 декабри соли 2022 баргузор гардид, дар давраи ҷашнгирии чорабиниҳои сиёсӣ, аз қабили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад ва мардуми шарифи ҷумҳуриямон аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, азми қавӣ доранд, ки бо ҷидду чаҳди дучанд баҳри амалӣ намудани вазифаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷомеа, пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва ба ин васила ба зиндагии шоиста ноил гар-данд.
Қабл аз ҳама Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар Паёми навбатии худ вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашида, аз ҷумла қайд карданд, ки бо вуҷуди тағйиёрбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Дар баробари он қайд карда шуд, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Пешвои миллат, дар баробари дигар масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҳаёти ҷомеа ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм низ суханронӣ карданд.
Бояд қайд кард, ки масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои актуалӣ ва доғи рӯз ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид доир ба ин мавзӯъ суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он ҷалб намуданд. Пешгирии ин зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, мо бояд дар ин раванд, яъне пешгирии омилҳои ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм фаъолиятамонро боз ҷонноктар намоем.
Бояд қайд кард, ки терроризм ва экстремизм пешрафти иқтисодиёти ҳар як давлатро заиф гардонида, сади роҳи инкишофи он мегардад.
Бинобар он ки шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳои ифротгаро бештар аз ҳисоби ҷавонон ба амал меояд, аз ин рӯ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ асосан бо ҷавонон ва ноболиғон бояд ба таври доимӣ гузаронида шавад.
Дар ин раванд Суди ноҳияи Спитамен ба масъалаи корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ ва аз байн бурдани зуҳуротҳои номатлуб, терроризму экстремизм дар байни аҳолӣ диққати аввалиндараҷа дода, дар асоси чорабиниҳо пайваста дар ин самт бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия суҳбату вохӯриҳоро доир менамояд.
Ҳамчунин, яке аз омилҳи асосии содиршавии ҷиноятҳо вобаста ба терроризм ва экстремизм ин паст будани донишҳои сиёсӣ, фарҳангӣ надоштани ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон мебошад.
Бо ин мақсад, мо кӯшиш менамоем, ки ҳамкориро ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷоннок карда, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ намоем.
Т. Муҳидинзода, судяи суди ноҳияи Спитамен
Суди ноҳияи Спитамен 