Қабули шаҳрвандон

Тибқи Нақашаи қабули шаҳрвандон дар Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рӯзи шанбе аз тарафи Раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Зикирзода Л.Х. 4 (чор) нафар шаҳрвандон, ки аз тарафи сокинони ноҳия ба таври шифоҳӣ муроҷиат кардаанд қабул гардида, арзу муроҷиатҳо шунида, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шудаанд.
Ҳамзамон иҷрои супоришу вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 дар хусуси қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе аз тарафи роҳбарияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бармеояд ва инчунин бобати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» таҳти назорати доимии роҳбарияти суд қарор дорад.

Зикирзода Лоиқ,
Раиси суди ноҳия