Ақли солим дар тани солим

Имрӯз бо ташаббус ва сарпарастии суди ноҳияи Спитамен бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Қасри варзиши ба номи Рустам Амакиев бозии кушоди ноҳиявӣ оид ба волейбол байни кормандони ташкилоту муассисаҳо оғоз гардид. Дар маросими кушодашавии он муовинони раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, Насруллозода Ойбек, раиси суди ноҳия Раҳимзода Зарина ва судяҳои суди ноҳия ширкат доштанд. Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ дар баромади худ таъкид дошт, ки ин иқдоми суди ноҳия дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ саривақтӣ буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша баҳри дастгирии ин гуна иқдомҳои наҷиб омодааст. Дар ин мусобиқа 9 дастаи ташкилоту идораҳо, аз ҷумла дастаи суди ноҳия ширкат хоҳанд варзид. Бояд тазаккур дод, ки барои ғолибон аз тарафи сарпараст туҳфаҳои арзишманд омода гаштааст.